Сокини 33-солаи ноҳияи Тайлоқи вилояти Самарқанд ва падари се фарзанд, ки дар эътироз ба тахриби хонааш худро оташ зада буд, дар беморхона ҷон дод.
24 мая 2019Ба ҷонибдорӣ аз фаъоли мадании зиндонӣ Гаспар Маталаев 22 май дар назди сафорати Туркманистон дар ИМА тазоҳурот баргузор шуд.
24 мая 2019Баъди се соли ҳалокати як сарбози Горди миллии Тоҷикистон, Додгоҳи Душанбе ба баррасии даъвои волидони ӯ барои пардохти ҷуброни моддиву маънавӣ оғоз кард.
24 мая 2019Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон гуфт, ки барои таҳқиқи масъалаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуруҳи махсусе аз ҳисоби кормандони мақомоти махсуси кишварҳои маъруф ба "Масири шимол" ва ҷалби коршиносон, таъсис дода шавад.
20 мая 2019Дар масҷидҳои шаҳри Ишқободи Туркманистон дар рӯзи ҷумъа имомон аз сокинон даъват карданд, ки президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро дӯст доранд ва аз Худо барои вай сиҳативу умри дароз талаб кунанд.
20 мая 2019Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон гуфт, Анқара тасмим дорад, дар якҷоягӣ бо Москва низоми мушакии С-500 истеҳсол кунад. Ӯ афзуд, ки муҷтамаъҳои С-400 низ дар муҳлати гуфташуда харидорӣ мешаванд.
20 мая 2019Роҳбари намояндагии Бюрои ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА дар умури назорати интихоботҳо дар Қазоқистон тасмим дорад, бо ҳамаи номзадҳои ба мақоми президентӣ ва роҳбарони ситоди онҳо мулоқот кунад.
16 мая 2019Дар натиҷаи эътирозҳои бахшиба ба 71-умин солгарди "Накба" (Рӯзи бадбахтӣ) дар марзи Исроил ва навори Ғаза ҳудуди 50 фаластинӣ захмӣ шуданд. Дар ин бора хабаргузории Reuters иттилоъ медиҳад.
16 мая 2019Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз бо имзои 9 фармону як қарор тағйироти кадриро амалӣ кард Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Хайрулло Амонулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озод карда шуд. Бо фармонҳои дигар, Иноятзода Баҳром аз мақоми раиси Истаравшан барканор шуда, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таъин гардид.
9 мая 2019Мақомдорони Тоҷикистон тартиби ситондани хироҷро аз сайёҳон таҳия доранд, ки дар он тамоми ҷузъиёти ин раванд муқаррар хоҳад шуд Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон гуфт, дар ин тартиб масъалаи ҷилавгирӣ аз андозбандии дукарата низ ба назар гирифта хоҳад шуд.
9 мая 2019Мақомоти шаҳри Душанбе барои таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон омодагь гирифтааст Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе қарори навбатӣ дар бораи таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро дар пойтахт ба имзо расонд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси шаҳр.
9 мая 2019Шаҳодат, шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон дар паноҳгоҳи Ал-Ҳоли Сурия, ки зери назари Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад, якуним сол боз ҳамроҳ бо ду кӯдаки хурдсол мунтазири бозгашт ба ватан аст.
6 мая 2019Як ҳавопаймои ширкати "Аэрофлот" ҳангоми нишасти изтирорӣ дар фурудгоҳи "Шереметево"-и Маскав оташ гирифт. Ҳодиса рӯзи 5 май рӯй дод.
6 мая 2019Дар остонаи сафари вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Ӯзбекистон, наздики 20 тан аз намояндагони зиёиёни русзабон пешниҳод карданд, ки дар Ӯзбекистон ба забони русӣ мақоми расмӣ дода шавад.
6 мая 2019Мақомоти Ӯзбекистон гуфтанд, омодаанд, ҷасади Умеда Эгамуродоваро, ки дар вилояти Тулаи Русия кушта шуд, ба Ӯзбекистон биоранд.
2 мая 2019Маркази забономӯзии "Ҳикматли билим"-и шаҳри Тошканд 15 апрел дар натиҷаи як рейди муштараки кормандони Идораи пулиси ноҳияи Олмазор ва Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон баста шудааст.
2 мая 2019Намояндагони мақомоти ҳарбии Туркманистон ҷустуҷӯи ҷавононро барои даъват ба артиш сахттар карданд.
2 мая 2019Наимҷон Самиев, узви пешини ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, ки ба 15 соли зиндон маҳкум шуд, бознигарии ҳукми додгоҳ ва ҳадди ақал сабук кардани ҷазоро талаб кардааст.
2 мая 2019Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон дар робита ба иқдомҳои эътирозии 1 май расман вокуниш нишон дод. Ба иттилои вазорат, дар пойтахт ва шаҳри Алмато 80 кас боздошт шудааст.
2 мая 2019Ноиб-сарвазири Қирғизистон Қуботбек Борон гуфт, ки ширкати "ЮрОсиё дар Қирғизистон" дар робита ба бозхонди иҷозатномаи фаъолияташ дар кони урани вилояти Иссиқкӯл шикояте надорад.
2 мая 2019Полковники мустаъфии милитсия ва соҳибкор Жалил Отамбоев хабарнигори Бахши қирғизии Радиои Озодӣ Идрис Исоқовро барои таҳқиқоти рӯзноманигориаш дар бораи тиҷорати пинҳонии ӯ ба додгоҳ кашидааст. Отамбоев аз рӯзноманигор 50 миллион сом (беш аз 715 ҳазор доллар) ҷуброн талаб дорад.
29 апреля 2019Филми "Интиқомҷӯён: Ниҳоӣ" - чаҳорумин ва охирин силсилафилми "интиқомҷӯён"-и абарқаҳрамонони дунёи Marvel аст, ки дар нахустин рӯзҳои ба фурӯш баромаданаш рекорд гузошт.
29 апреля 2019Баъзе аз манобеъ хабар доданд, ки Хайрулло Раҳимов, мудири собиқи ширкати давлатии Тоҷик Эйр, “ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист” аз боздошт раҳо шудааст. То ин дам худи ӯ ё вакилаш барои тасдиқ ё радди хабар дастрас нашудаанд.
29 апреля 2019Дар вилояти Лебапи Туркманистон кишоварзонро маҷбур мекунанд, ки пилапарварӣ кунанд.
29 апреля 2019Сокинони чанд минтақаи Туркманистон дубора ба норасоии орд рӯ ба рӯ шуданд. Ба иттилои шоҳидон, дар чанд ноҳияи вилояти Марӣ чанд ҳафта аст, ки орд фурӯхта намешавад.
22 апреля 2019Як руҳонии тоҷик, ки дар гузашта бо гуноҳи ифротгароӣ зиндонӣ шудааст, Интернетро “вабои аср” номид ва аз мардум хост, аз он истифода накунанд.
22 апреля 2019Қарори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар бораи боло бурдани нархи интернети мобилӣ, гуфтугӯҳои телефонӣ ва NGN ба иҷро даромад. Ин қарор рӯзи 4-уми марти имсол содир шуда буд. Нӯҳ созмон ба намояндагӣ аз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон хостанд, ки мақомот қарори худро бекор кунанд. Онҳо гуфтанд, боло бурдани нархи интернет "бо вазъи иҷтимоӣ ва сатҳи даромади сокинон мувофиқ нест" ва ҳуқуқи бунёдии мардум, аз ҷумла ба озодии баёнро маҳдуд мекунад.
15 апреля 2019Кормандони корхонаи давлатии "Оби Ишқобод" шикоят доранд, ки то ҳол маоши моҳи мартро нагирифтаанд. Раҳбарияти корхонаи давлатии "Оби Ишқобод" аз кормандони худ талаб кардааст, ки агар мехоҳанд, маошашонро дарёфт кунанд, бояд ба муҳосибот 50-манатӣ супоранд. Қурби расмӣ 1 доллар 3,5 манат аст.
15 апреля 2019Дар интихоботи ғайринавбатии президентии Қазоқистон, ки рӯзи 9 июн дар назар аст, аз буҷаи давлат беш аз 24,5 миллион доллар харҷ хоҳад шуд. Дар сомонаи санадҳои меъёриву ҳуқуқии Қазоқистон лоиҳаи қарори мазкур нашр шудааст.
15 апреля 2019Хабаргузории миллии Ӯзбекистон сар аз 13 апрел ба нашри иттилои қазоқӣ шуруъ кард.
15 апреля 2019Ҳар як сокини Тоҷикистон ба ҳисоби миёна дар як сол ба табибон 200 сомонӣ, ҳудуди $22 доллар медиҳад. Ин ҳам дар ҳоле ки дар кишвар хадамоти тиббӣ ройгон аст.
15 апреля 2019Сафорати Туркманистон дар Белорус ба донишҷӯдухтарони туркман пӯшидани шими "ҷинс" ва ба писарон гузоштани ришро манъ кард. Дар ин бора донишҷӯёни туркмане хабар доданд, ки дар Белорус таҳсил мекунанд.
13 апреля 2019Дар Ӯзбекистон амволи Акбаралӣ Абдуллоев, ҷияни ҳамсари президенти пешини Ӯзбекистон Татяна Каримоваро дар музояда гузоштанд.
13 апреля 2019