Аз ду паноҳгоҳи Созмони Милал дар Сурия 34 зани тоҷик, ки аз як то панҷ фарзанд доранд, барои ба ватан баргаштан ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд. Шаби 30 апрел Тоҷикистон 84 кӯдакро аз Ироқ баргардонд, вале то ҳанӯз ҳеҷ нафареро дар як соли ахир аз Сурия наовардаанд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бо эҳтимоли зиёд шумораи занону кӯдакони тоҷик, ки ҳамроҳ бо шавҳаронашон ба созмони тундрави "Давлати исломӣ" (ДИ) пайваста буданд, дар вилояти Ал-Ҳасака, минтақаи таҳти назорати Нерӯҳои демократии Сурия, аз ин бештар бошад.
Занҳое, ки ҳоло ба воситаи пайвандон ва аз тариқи паёмрасонҳои интернетӣ ба мақомот муроҷиат кардаанд, давоми ду соли ахир, дар пайи озодсозии ҳудудҳои ишғолии ДИ ба дасти курдҳо асир афтодаанд. Шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки моҳи март ва апрели имсол аз минтақаи Бағузи Сурия озод шуданд, ҳанӯз маълум нест.
Рӯзи 3 май дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, барои баргардонидани занону кӯдакони тоҷик аз Сурия низ супориш шудааст ва бо эҳтимоли зиёд то охири моҳи май дипломатҳои тоҷик ба ин кишвар сафар кунанд. Вале гуфта намешавад, барои ин мақомот оё бо ҳукумати Сурия музокира доранд ё ниҳодҳои курдӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ ё миёнаравон.
Шаҳодат, шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон дар паноҳгоҳи Ал-Ҳоли Сурия, ки зери назари Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад, якуним сол боз ҳамроҳ бо ду кӯдаки хурдсол мунтазири бозгашт ба ватан аст.
Шаҳодат соле пеш ҳангоми озодсозии як деҳа аз ДИ ба дасти нерӯҳои курд асир афтод. Пас аз се моҳи зиндон ӯро ба паноҳгоҳи вижа барои занону кӯдакони ҷангҷӯёни ДИ интиқол доданд.
Ӯ рӯзи 3 май ба Радиои Озодӣ гуфт, шавҳари тоҷикаш соли 2016 кушта шуд ва бо як тунисӣ дубора шавҳар кард. Шавҳари тунисиаш ҳоло дар боздошт қарор дорад.
“Наздиконамон ба мақомот муроҷиат карданд. Онҳо ба мо рақами Вотсапп доданд ва тамоми маълумотро ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон фиристодем. Ваъда доданд, ки мебарем, лекин аз муроҷиати охирини мо 6 моҳ гузашт, ҳеҷ хабар нест,” -- гуфт ӯ.
Дар Ироқ 43 зани тоҷик дар зиндон қарор доранд ва барои убури ғайриқонунии марзу ҳамзистӣ бо ҷангҷӯёни ДИ аз 20 то 30 сол ҳукми зиндон гирифтаанд. Ҳукумат фарзандони онҳоро баргардонд ва истирдоди занҳо низ баррасӣ мешавад.
Салоҳ Кемин, як масъули Нерӯҳои демократии Сурия рӯзи 3 май дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, занҳое, ки дар паноҳгоҳҳо қарор доранд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида намешаванд. Ӯ гуфт, ба ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Миёна нома навиштаанд, то ҳарчи зуд шаҳрвандонашонро баргардонанд.
Як мақоми дипломатӣ бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, мушкили баргардонидан аз Сурия дар он аст, ки Тоҷикистон бо нерӯҳои демократии Сурия ҳеҷ робитаи дипломатӣ надорад. Нерӯҳои демократии Сурия аз мухолифони ҳукумати Башор Асад ҳастанд.
“Ҳоло намояндаҳои мо ба Димишқ мераванд. Бояд аввал ба ҳукумати қонунӣ сӯҳбат кунем. Он гоҳ бо гурӯҳҳои курдҳо ва дигар гурӯҳҳо, ки дар сатҳи байналмилал эътироф шудаанд, музокирот мекунем. Ҳарчанд, занҳо ин ҷо дар зиндон нестанд, вале бинобар дар дасти неруҳои гуногун қарор доштани Сурия баргардонидани шаҳрвандон каме мушкил аст”, -- гуфт ин мақоми дипломатӣ.