Эрон имрӯз бо Сайид Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури ҳаштуми худ, ки дар як сонеҳаи чархбол ҳамроҳ бо Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии ин кишвар дунёро тарк кард, падруд мегӯяд. Ӯро рӯзи 23-юми май ба хок месупоранд.
Иброҳим Раисӣ дар хотири ҳам эрониёну ҳам ҷаҳониён ба таври гуногун нақш баст. Теъдоде аз ӯ чун қаҳрамон ва ходими содиқи миллату давлати Эрон ва иддае чун роҳбари муҳофизакору саркӯбгари садои озодӣ ёд мекунанд.
Иброҳим Раисӣ кӣ буд?
Иброҳим Раисӣ 14-уми декабри соли 1960 дар оилаи рӯҳонӣ дар маҳаллаи Навғони шаҳри Машҳади Эрон ба дунё омадааст. Таҳсилоти ибтидоиро дар мадарасаи “Ҷаводия”-и Теҳрон гирифта, баъдан дар мадрасаҳои “Навоб”-и Машҳад ва “Оятулло Мусавӣ” таълим гирифтааст.
Дар 15-солагӣ илоҳиётшиносиро дар Қум андӯхтааст. Риштаи фиқҳи Донишгоҳи Шаҳиди Мутаҳҳариро хатм карда, рисолаи докторӣ навиштааст.
Замони инқилоби исломӣ ӯ 19 сол дошт ва аз иштирокчиёни фаъоли он буд. Дар баъзе сарчашмаҳо зикр мегардад, ки Раисӣ миёни ҷавононе буд, ки соли 1979 ба Сафорати Амрико дар Теҳрон ҳуҷум карданд.
Додситони одил ё ходими низом?
Раисӣ то расидан ба курсии раиси ҷумҳур ба ҳайси додситон фаъолият дошт. Ӯ соли 1980 корро ба ҳайси ёвари додситони шаҳристони Караҷ оғоз кард ва дертар додситони ин шаҳр шуд. Баъди ду сол ӯ якбора дар баробари иҷрои вазифаи дотситон дар Караҷ, ҳамчунин додситони устони Ҳамадон ҳам интихоб гардид.
Акс аз REUTERS
Соли 1985 аввал муовини додситони Теҳрон ва баъди чор сол, додситони Теҳрон таъин гардид. Зикр мегардад, ки ӯ аз ҷумлаи додситонҳое буд, ки аз ҷониби роҳбари рӯҳонии кишвар ҳамеша пуштибонӣ мешуд. Ӯро хидматгори содиқи давлату миллати худ медонистанд, ки бо “душманон”-и низом, яъне мухолифони низоми давлатдории исломии Эрон муборизаи беамон мебурд ва ба ҳеҷ кадоми онҳо гузашт намекард.
Аммо маҳз ин давраи фаъолияти Раисӣ боиси интиқоди ӯ дар ҷомеаи ғарбӣ гардидааст. Яке аз далелҳое, ки дар соли 2019 мақомоти Амрико нисбати ӯ таҳрим ҷорӣ кард, ҳамин фаъолияташ дар курсии додситонии Теҳрон буд. Амрико ӯро дар таъқибу саркӯби нафарони аз низоми ҷорӣ норозӣ муттаҳам мекунад.
Раисӣ дар мақоми додситони Теҳрон то соли 2004 кор карда, баъдан муовини раиси Додгоҳи олии Эрон таъйин гашт. Соли 2014 ба мақоми додситони кулли Эрон расид. Баъдан, моҳи марти соли 2016 аз ин мақом истеъфо дод ва яке аз сарватмандтарин бунёдҳои ҷаҳони Ислом - Остони Қудси Разавиро раҳбарӣ кард.
Раисҷумҳури бархурдор аз пуштибонии Хоманаӣ
Соли 2017 Раисӣ аз азми иштирок дар интихоботи раёсати ҷумҳур дарак дод. Дар он интихобот ӯ аз Ҳасан Рӯҳонӣ, ки як сиёсатмадори муҳофизакор буд, шикаст хӯрд.
10:00 20 май
Иброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш ба ҳалокат расидаанд. Ноиби раиси ҷумҳури Эрон ин хабарро расман тасдиқ кард
Пас аз чор сол, соли 2021 бори дигар дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ иштирок кард ва ин бор пирӯз шуд.
Бояд зикр кард, ки дар ин маъракаи интихоботӣ Раисӣ аз пуштибонии комили роҳбари маънавии Эрон Алии Хоманаӣ бархӯрдор буд ва тавонист 62 дарсади раъйи интихобкунандагонро ба даст орад.
Яке аз ваъдаҳои Раисӣ баъди расидан ба курсии президентӣ истодагарии шоиста ва мубориза бо таҳримҳои ҷорикардаи Амрико ва ҳифзи манфиатҳои Эрон буд.
Таҳрим ва роҳҳои нави ҳамкорӣ
Ҳарчанд давоми ду соли фаъолияти Раисӣ ҳеҷ як таҳрими зидди Эрон ҷоришуда бартараф нашуд, лекин тамаркузи ҷиддии ӯ барои коҳиши мушкилоти мардум дар бахшҳои гуногун ва махсусан, иқтисодӣ қобили таваҷҷӯҳ буд.
Аз ҷумла, Эрон дар замони раёсати Раисӣ содироти нефтро афзоиш ва то ҷое шиддати таҳримҳоро коҳиш дод. Баъди оғози ҷанг дар Украина Аврупо низ аз Эрон нафт ворид мекард ва ҳатто хостори афзоиши он буд.
Ҳамчунин, дар замони роҳбарии Раисӣ равобити Эрон бо Русия, Чин ва Арабистони Саудӣ низ ба таври назаррас тақвият ёфт.
Иброҳим Раисӣ дар парлумони Русия
Ӯ яке аз аввалин сафарҳои худро ба Русия анҷом дод ва бо ин кишвар дар мавриди ҳамкории танготанги иқтисодиву сиёсӣ ва низомӣ тавофуқ ҳосил кард. Тибқи иттилои расонаҳои ғарбӣ, Эрон дар ин давра ба Русия лавозимоти ҳарбӣ мефурӯхт ва дар масоили гуногуни ҷаҳониву минтақавӣ, махсусан пуштибонӣ аз ҳукумати кунунии Сурияву ташкили давлати Фаластин тавофуқи назар дошт.
Маҳз дар замони раёсати Раисӣ равобити қатъшудаи Эрон бо Арабистони Саудӣ барқарор гардид ва сафоратҳои ду кишвар ба кор оғоз карданд.
Бо Чин ҳам дар бахшҳои гуногун, махсусан фурӯши маҳсулоти нафтӣ ҳамкории зич роҳандозӣ гардид.
Равобит бо Ҳинду Покистон ва Туркия низ бо маром тақвият ёфт.
Намоиши қудрат
Эрон дар муддати роҳбарии Раисӣ, ба таври анъанавӣ, бо Амрикову иттифоқгарони он дар Ховари Миёна – Исроил вориди рақобату муноқишаҳои мустақиму ғайримустақим буд.
Аввал ба пойгоҳи ҷангҷӯён дар Сурия, ки гуфта мешуд зери нуфузи Исроил қарор доранд, зарбаи мушакӣ зад.
16:42 24 апрел
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Баъдан, дар пайи амали террористӣ дар сари манзили Қосим Сулаймонӣ, генерали эронӣ, ки се соли пеш дар Ироқ аз сӯйи Амрико кушта шуд, ба ҳудуди Покистон мушак партоб кард. Покистон низ дар посух ба ҳудуди Эрон мушак партофт ва ҳарду ҷониб иддао карданд, ки мушакҳо ба пойгоҳҳои гурӯҳҳои тундгаро ва ҷудоиталаб партоф шуданд. Эрону Покистон дар зудтарин фурсат ихтилофи пайдошударо рафъ карданд.
Баъдтар, пас аз ҳамлаи мустақими Исроил ба консулгарии Эрон дар Димишқи Сурия ва кушта шудани чанд генерали эронӣ, Раисӣ фармони мушакборони Исроилро дод. Эрон дар як шаб ба Исроил мустақиман садҳо мушак партофт ва Раисӣ гуфт, “агар Исроил бори дигар дар ҳамла ба хоки муқаддаси Эрон хато кунад, вазъ дигар мешавад ва маълум нест, ки аз ин режим чизе боқӣ хоҳад монд ё на”.
Бояд гуфт, ки Эрон дар ҳама давру замон аз Фаластин ва ҳаққи мардуми ин кишвар дар ташкили давлат қотеъона ҳимоят кардааст. Раисӣ низ дар қатори дигар роҳбарони Эрон аз Фаластин дар баробари таҷовузи Исроил ҳимоят мекард.
Раисӣ дар Тоҷикистон
Дар замони роҳбарии Раисӣ муносибати Тоҷикистону Эрон, ки барои як муддат ба сардӣ гароида буд, ба маҷрои қаблӣ баргашт. Ӯ дар аввалин сафараш ба Тоҷикистон гуфт, “фасли наве дар равобити иқтисодиву сиёсӣ ва фарҳангии Теҳрону Душанбе оғоз шуд”.
Аммо сафари дуюми Раисӣ ба Тоҷикистон дар тирамоҳи соли гузашта воқеан таърихӣ буд. Ӯ зимни ин сафар бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард ва ҳарду дар нишати матбуотӣ гуфтанд, ки раводид барои шаҳрвандони ду кишвар барои 30 рӯз лағв мегардад, ҳарчанд ин иқдом ба таъхир афтодааст.
Баъдтар, зимни суханронӣ назди тоҷирону соҳибкорони ду кишвар Раисӣ қонеъона гуфт: “Шояд баъзеҳо тавсеаи Тоҷикистонро написанданд, муҳим нест, аммо мо ба унвони Ҷумҳурии исломии Эрон муътақидем, пешрафти Тоҷикистон пешрафти мост, амнияти Тоҷикистон амнияти мост. Бовари мо ин аст, ҳар гоме, ки дар ҷиҳати пешрафт дар кишвари Тоҷикистон бардошта мешавад, иззати ҳамаи мост. Дар ин ҷиҳат аз ҳеҷ ҳамкорие дареғ нахоҳем дошт”.
Аз ин ҷост, ки марги нобаҳангоми Раисиро дар Тоҷикистон бо андӯҳи гарон қабул карданд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар номаи тасаллии худ ба раҳбари олии Эрон навишт: “Мо ба шахсияти Сайидиброҳим Раисӣ ҳамчун арбоби барҷастаи давлатӣ арҷ мегузорем, саҳми созандаи зиндаёдро дар рушду нумӯи ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон, ҳалли масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ баланд арзёбӣ менамоем”.
Ҳоло дар Эрон бо Иброҳим Раисӣ, Амир Абдуллоҳиён ва дигар ҳамроҳони он видоъ мекунанд. Дар ин кишвар панҷ рӯз мотам эълон шудааст.
Ба иттилои хабаргузориҳои русӣ, дар чанд кишвари дигар, аз ҷумла, Ҳиндустон, Ироқ, Лубнон, Покистон, Сурия ва Туркия ҳам мотам эълон шудааст.
Дар Тоҷикистон парчами Эрон дар сафорати ин кишвар поён карда шуда, дафтари таъзия боз гардидааст ва сиёсатмадорону дипломатҳо ва сокинони оддӣ барои изҳори ҳамдардӣ мераванд.
Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/world/20240521/motami-mill-dar-eron-ibroim-rais-k-bud-ch-guft-va-ch-kard