“Шоҳ” ва ситораҳои тобони ҷудои ҷаҳон ба Душанбе омаданд. Онҳо дар "Dushanbe Grand Slam 2024” иштирок мекунанд

21 мая 2024 “Шоҳ” ва ситораҳои тобони ҷудои ҷаҳон ба Душанбе омаданд. Онҳо дар "Dushanbe Grand Slam 2024” иштирок мекунанд

Пагоҳ, 3-юми май, дар Душанбе бори аввал яке аз мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо “Grand Slam” (“Тоскӯлоҳи бузург”), ки зери сарпарастии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) баргузор мешавад, оғоз мегардад ва то 5-уми май давом мекунад. Ин мусобиқа беҳтарин ҷудокорони ҷаҳонро, аз ҷумла Тедди Ринер аз Фаронса, ки чун “Шоҳи ҷудо” шинохта мешавад ва Сёҳэй Оно аз Ҷопон, ки яке аз ситораҳои тобони ҷудои ҷаҳон аст, ба пойтахти Тоҷикистон овардааст.

Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси шаҳрдории Душанбе ва Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар Қасри теннис баргузор мешавад ва ҷудокорон барои дарёфти ҷоизаҳо ва имтиёзҳои олимпӣ талош хоҳанд кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои иштирок дар мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam 2024” то ҳоло 405 варзишгар (216 мард ва 189 зан) аз 67 кишвари панҷ қораи ҷаҳон номнавис шудаанд.

Бояд гуфт, ки миёни ҷудокорони иштирокчии ин мусобиқа Тедди Ринери 35-сола аз Фаронса шинохтатарин ва пурунвонтарин маҳсуб мешавад. Қади ӯ 2 метру 4 сантиметр буда, дар вазни беш аз 100 кило рақобат мекунад. Тедди Ринер миёни ҷудокорони ҷаҳон варзишгари аз ҳама серунвонтарин дониста мешавад.

Ӯ қаҳрамони секаратаи олимпӣ (Лондон-2012, Рио-2016, Токио-2020), қаҳрамони 12-каратаи ҷаҳон (бори охирин дар Доҳа-2020), қаҳрамони 5-каратаи Аврупо (бори охирин дар Қазон-2016) ва қаҳрамони бисёркаратаи Фаронса аст.

Ситораи дигар ҷудо Сёҳэй Онои ҷопонӣ, ки 32 сол дорад, қаҳрамони дукаратаи Бозиҳои олимпӣ ва қаҳрамони шашкаратаи ҷаҳон дар вазни то 73 кило ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар ин мусобиқа ширкат меварзад.

Ҳамчунин, ба ин мусобиқа паҳлавони машҳури тоҷик, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2008 дар Пекин ва соҳиби нишони биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2007 дар Рио-Де-Жанейрои Бразилия дар вазни то 73 кило Расул Боқиев низ даъват шудааст.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam 2024” 37 варзишгар (28 мард ва 9 зан) дохиланд:

-60 кг – Меҳрзод Сӯфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Ҳақдод Гулов, Муҳаммад Маҳмадизода;

-66 кг – Обид Ҷебов, Муллораҷаб Халифаев, Ёсин Бобокалонов, Бобоҷон Муқтадирӣ;

-73 кг – Беҳрӯзи Хоҷазода, Абубакр Шеров, Маҳмадшариф Наҷмуддинов, Муҳаммадраҳим Сарахонов;

-81 кг – Сайфиддин Сайфиддинзода, Суннатулло Лоиқов, Суннатулло Мӯсоев, Раҳматуллобек Фарҳодов;

-90 кг – Комроншоҳ Устопириён, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Акмал Муродов, Шодмон Ризоев;

-100 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов, Парвиз Абдураҳмонов, Эмомризо Анварзода, Кароматулло Ҳакимов;

+100 кг – Темур Раҳимов, Мансур Раҳмон, Шарифҷон Назриев, Некрӯзшоҳ Некбахтзода.

Занон

-48 кг — Райҳона Розиқзода;

-52 кг — Мадина Қурбонзода, Аҳлия Муъминова, Насиба Карликова;

-57 кг — Фазилат Гулбоева, Раҳмия Ханҷарбекова;

-63 кг — Шоҳида Қаландарова, Ҷонона Назарова;

-70 кг —Мавлуда Одинаева.

Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/sports/20240502/sho-va-sitoraoi-toboni-udo-ba-dushanbe-omadand-ono-dar-dushanbe-grand-slam-2024-ishtirok-mekunand