Кормандони корхонаи "Оби Ишқобод" то ҳол маоши моҳи мартро нагирифтаанд

15 апреля 2019 Кормандони корхонаи "Оби Ишқобод" то ҳол маоши моҳи мартро нагирифтаанд

Кормандони корхонаи давлатии "Оби Ишқобод" шикоят доранд, ки то ҳол маоши моҳи мартро нагирифтаанд.

Раҳбарияти корхонаи давлатии "Оби Ишқобод" аз кормандони худ талаб кардааст, ки агар мехоҳанд, маошашонро дарёфт кунанд, бояд ба муҳосибот 50-манатӣ супоранд. Қурби расмӣ 1 доллар 3,5 манат аст.

Вале кормандон шикоят доранд, ки бо вуҷуди иҷрои "фармони ғайриқонунии раҳбарияти корхона" маоши худро дарёфт накардаанд. "Сабабҳои таъхири пардохти маошро намегӯянд. Танҳо гуфтаанд, ки пул нест", - мегӯяд хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи хабарнигор, кормандони "Оби Ишқобод" дар баробари дер гирифтани маош боз ба корҳои иловагии бемузд ҳам ҷалб мешаванд. "Онҳоро маҷбур мекунанд, ки ба ҷои кормандони хадамоти коммуналӣ кӯчаву хиёбонҳоро рӯбанд ва қабристонҳоро тоза кунанд.", - афзуд ӯ.

Талошҳо барои дарёфти назари мақомоти шаҳрдории Ишқобод дар ин замина бенатиҷа буданд.