Полковники мустаъфии милитсия ва соҳибкор Жалил Отамбоев хабарнигори Бахши қирғизии Радиои Озодӣ Идрис Исоқовро барои таҳқиқоти рӯзноманигориаш дар бораи тиҷорати пинҳонии ӯ ба додгоҳ кашидааст. Отамбоев аз рӯзноманигор 50 миллион сом (беш аз 715 ҳазор доллар) ҷуброн талаб дорад.
Соҳибкор ҳамчунин талаб дорад, аз Мирлан Маматов ва Марат Сайбидинов, ки дар матлаб дар бораи "қонуншиканиҳои ӯ" суҳбат кардаанд, 5-миллионсомӣ ситонида шавад.
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ 17 апрел матлаберо зери унвони "Ош: салыктан буйтаган "ишкерлер" нашр кард. Дар матлаб сухан аз ҳолатҳои "гурез"-и Отамбоев аз пардохти андоз меравад. Видеои таҳқиқотро дар Youtube дар 2 ҳафта 378 ҳазор кас тамошо карданд.
Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон 22 апрел хабар дод, ки дар робита ба ҳолатҳои дар таҳқиқот зикршуда парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтишот оғоз шудааст.
Жалил Отамбоев яке аз сарватмандтарин сокинони вилояти Ӯши Қирғизистон шумурда мешавад.