Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон гуфт, ки барои таҳқиқи масъалаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуруҳи махсусе аз ҳисоби кормандони мақомоти махсуси кишварҳои маъруф ба "Масири шимол" ва ҷалби коршиносон, таъсис дода шавад.
Президенти Тоҷикистон дар ин бора дар ҷаласаи рӯзи 17 майи Конфронси сатҳи баланди "Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил" изҳори назар кард.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин суханронӣ аз ҷумла, ба зарурати даст кашидан аз истифодаи "меъёрҳои дугона" дар мавқеъгирӣ нисбат ба созмону гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро таъкид кард. Ӯ аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба мафҳумҳои терроризм ва экстремизм назари ягона надоранд ва аз сиёсати "меъёрҳои дугона" дар мубориза бо терроризм интиқод кард.
Ин дар ҳолест, ки бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ғарб, дар муносибат бо терроризм бархӯрди яксон доранд ва аз ҷумла раҳбарони ИМА, ИА, Чин, Русия ва кишварҳои дигар низ гуфтаанд, ки ин падидаро хоси қавму миллат ё дину мазҳабе намешуморанд. Бархе аз ин давлатҳо дар ҷанги зидди ваҳшатафканӣ дар манотиқи гуногуни олам ширкат мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита ба кишвар, гурӯҳ ва ё созмоне ишора накард. Аммо дар гузашта мақомоти тоҷик аз кишварҳои аврупоӣ барои паноҳ додани аъзои ҳизби мамнӯи Наҳзати исломии Тоҷикистон дар қаламрави худ, изҳори норозигӣ карда буданд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 2015 Ҳизби наҳзати исломиро созмони террористӣ эълон намуд ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард. Мақомот гуфтанд, ки ҲНИТ дар ташкили ошӯби мусаллаҳонаи соли 2015 даст дорад, вале ин ҳизб иттиҳомотро рад мекунад ва онро баҳонаи берун ронданаш аз кишвар мешуморад.
Ҳукумати Тоҷикистон дар гузашта аз дигар кишварҳо ва созмонҳои байнулмилалӣ низ хоста буд, ки ин ҳизбро созмони террористӣ эътироф кунанд. Аммо онҳо ба чунин иқдом даст назадаанд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии рӯзи 17-уми май ҳамзамон "аз дастрасии террористон ба фановариҳои нав" низ изҳори нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, ин гурӯҳҳо аз дастовардҳои технологияҳои иттилоотӣ барои паҳн кардани ақидаҳои ифротӣ ва ҷалби афрод ба сафҳои худ, истифода мекунанд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин омори наверо дар робита ба афроди бозгашта аз кишварҳои ҷангзада эълон кард. Мавзӯе, ки дирӯз Абдулло Навҷувонов, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳамоише вобаста ба нишасти имрӯз аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ карда буд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ҳоло зиёда аз 300 нафар шаҳрвандони худро, ки дар сафҳои гурӯҳҳои тундгаро, аз ҷумла "Давлати исломӣ" қарор доштанд, ба Тоҷикистон баргардониданд.
Ба навиштаи матбуоти байнулмилалӣ, Тоҷикистон дар ин раванд пешгоми Осиёи Марказӣ буда, ҳанӯз аз соли 2014 ба баргардондани "ҷиҳодиён" аз Ховари Миёна оғоз кардааст. Барои ин дар соли 2015 ба қонунҳои кишвар тағйиру иловаҳо ворид карда шуд ва мақомот гуфтанд, онҳоеро, ки пушаймон шуда, аз Ироқу Сурия баргаштаанд ва аммо ҳангоми он ҷо буданд, даст ба ҷиноят назадаанд, афв мекунад. Аз он вақт то ҳоло, ба гуфтаи коршиносони байнулмилалӣ, аз 1100 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба Ховари Миёна рафта буданд, зиёда аз 290 нафар ба кишвар бозгардонида шуданд.