Ҳар як сокини Тоҷикистон ба ҳисоби миёна дар як сол ба табибон 200 сомонӣ, ҳудуди $22 доллар медиҳад. Ин ҳам дар ҳоле ки дар кишвар хадамоти тиббӣ ройгон аст.
Сокинон бо ин пул, аз ҷумла маълумотномаҳои "ройгон"-ро дарёфт карда, аз ташхисҳои тиббӣ мегузаранд. Ба ҳисоби Вазорати тандурустии Тоҷикистон, сокинони кишвар, ки 30 дарсадашон дар фақр ба сар мебаранд, соли 2018 ба табибон беш аз $320 млн ришва додаанд.
Табибони тоҷик баъзан аз фиристодани беморон ба дорухонаҳои муайян низ маблағ ба даст меоранд. "Агар даромади иловагии табибон, ҳамшираҳо ва фурӯши доруро ҳисоб кунем, ин маблағ мебарояд. Онро бар сари ҳар як сокини кишвар тақсим намоем, ҳудуди 200 сомониро ташкил медиҳад. Албатта, ин ҳисобҳо тахминӣ ҳастанд", - гуфт мудири беморхонаи хусусии "Сино" Абдулхалил Холиқзода.
Бештари беморон мегӯянд, зидди додани пул ба табибонанд, вале эътироф мекунанд, ки маҷбуранд, ин корро кунанд. Дар ин миён афроде низ ҳастанд, ки мегӯянд, пардохти ҳаққи табибон бадие надорад.
"Мо ришва намегирем. Шахсан ман намегирам. Пуле, ки беморон медиҳанд ин як навъи қадрдонии онҳо аз кори мост. Вале бо дорухонаҳо кор мекунем ва вақте бинем, доруҳои онҳо таъсир намекунад ва шикоятҳо ҳаст, ҳамкориро қатъ мекунем", - гуфт як табиб аз Душанбе бо номи Лола, ки нахост дар рӯбарӯи дурбин суҳбат кунад.
Ба бовари коршиносон, ягона роҳи ҳалли ин мушкил ё худ аз байн бурдани пардохтҳои ғайрирасмӣ роҳандозии бима ё суғуртаи беморон дар кишвар аст. Ҳарчанд қонун дар ин бора соли 2008 тасвиб шудааст, аммо оғози иҷрои он ба таъхир афтодааст. Қарор аст, он соли 2022 мавриди амал қарор бигирад.
Соли гузашта аз будҷаи Тоҷикистон барои соҳаи тандурустӣ 185 млн доллар ҷудо шудааст, ки бештари он маоши кормандони тиббӣ мебошад.