Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон гуфт, Анқара тасмим дорад, дар якҷоягӣ бо Москва низоми мушакии С-500 истеҳсол кунад. Ӯ афзуд, ки муҷтамаъҳои С-400 низ дар муҳлати гуфташуда харидорӣ мешаванд.
Ба гуфтаи Эрдуғон, артиши Туркия сарфи назар аз харидории муҷтамаъҳои русии С-400 ҳамчунин соҳиби ҳавопаймоҳои зарбазани амрикоии F-35 хоҳад шуд.
Туркия соли 2017 барои харидории С-400 бо Русия қарордодеро ба имзо расондааст. Анқара ҳамчунин охирҳои соли гузашта аз ИМА бар ивази 3,5 млрд доллар муҷтамаи зиддимушакии "Патриот" харидорӣ кард.
Намояндагони ИМА ва НАТО борҳо Туркияро огоҳ карданд, ки муҷтамаи зиддимушакии истеҳсоли Русия набояд дар ҳарими ҳавоӣ ва низоми мудофиаи НАТО ба кор бурда шавад. Вашингтон талош кард, Анқараро ба харидани муҷтамаи зиддимушакии "Патриот" ҷалб созад. ИМА гуфта буд, харидани силоҳ аз Русия метавонад, боиси эълони таҳримҳои зидди Туркия шавад. Аммо мақомоти Туркия посух доданд, ки муҷтамаи зиддимушакии амрикоӣ бо муҷтамаи зиддимушакии С-400 Русия баробар шуда наметавонад.