Дар вилояти Лебапи Туркманистон кишоварзонро маҷбур мекунанд, ки пилапарварӣ кунанд.
Ба гуфтаи як шоҳид, кишоварзон ба далели камдаромад будани абрешим, намехоҳанд пилапарварӣ кунанд. Аммо мақомоти маҳаллӣ аз равишҳои мухталиф кор мегиранд, то кишоварзон ва сокинони маҳаллиро ба ин кор маҷбур кунанд.
"Соли гузашта одамонро фиреб карданд. Ваъда дода буданд, ки дар ивази ҳар пила даҳ кило беда медиҳанд. Аммо бисёре аз пилапарварон беда дарёфт накарданд. Имсол ҳам ҳамон ваъдаро доданд, вале сокинон дигар бовар накарданд. Мақомот ҳоло таҳдид доранд, ки замини кишоварзонро бозпас мегиранд", - хабар дод як сокини маҳаллӣ.
"Пилапарварӣ кори душворе аст. Як моҳ бояд чанд утоқи хонаро холӣ ва аҳли хонаводаро дар берун бояд ҷо кард. Ба ҷуз ин барги тут кам аст, ба ҳама намерасад", - гуфт сокини дигар.
Моҳи январ ҳукумати Туркманистон хабар дод, ки соли ҷорӣ ҳосили пиларо то 2030 тонна мерасонад.