Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон дар робита ба иқдомҳои эътирозии 1 май расман вокуниш нишон дод. Ба иттилои вазорат, дар пойтахт ва шаҳри Алмато 80 кас боздошт шудааст.
ВКД мегӯяд, "сарфи назар аз муроҷиати расмии Додситонии кул" "эътироз ва ҷамъшавии ғайриқонунии сокинон" сурат гирифт.
Вазорат мегӯяд, ширкатдорони иқдом "имкони изҳори озодонаи мавқеи ҷамъиятиашонро доштанд", аммо "бархе аз онҳо рафтори хушунатбор анҷом дода", "тартиботи ҷамъиятиро вайрон карданд" ва "шиорҳои марбут ба созмони мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон"-ро садо додаанд" ва инчунин "талаби қатъи рафторҳои ғайриқонуниро иҷро накардаанд". Дар натиҷа "баъзе аз иштирокдорон боздошт шуданд".
Иқдоми эътирозӣ рӯзи 1 май дар шаҳри Алмато, пойтахт, Семей, Қарағанда, Чимкент ва Оқтеппа баргузор шуд.
Дар шаҳри Нурсултон ҳадди ақал 2 тан аз 20 боздоштшуда дар додгоҳ муҳокима шудаанд.
29 апрел Додситонии кулли Қазоқистон хабар дод, ки иштирок дар иқдомҳои ғайриқонунӣ ҷавобгарӣ дорад.
Мухтор Аблязов, роҳбари ҳаракати дар Қазоқистон мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон" аз ҷонибдоронаш хоста буд, ки 1 май бо нишони эътироз аз баргузории интихоботи президентии 9 июн ба кӯча бароянд.