Мақомоти Ӯзбекистон гуфтанд, омодаанд, ҷасади Умеда Эгамуродоваро, ки дар вилояти Тулаи Русия кушта шуд, ба Ӯзбекистон биоранд.
"Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон ба аъзои хонаводаи Умеда Эгамуродова изҳори тасаллият мекунад. Сарфи назар аз он ки вай шаҳрванди Русия буд, вазорат омода аст, ки барои интиқол додани ҷасадаш ба Ӯзбекистон кумак расонад", - омадааст дар изҳороти расмии вазорат.
Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон низ ба наздикон ва пайвандони Умеда изҳори ҳамдарӣ баён кардааст.
Пештар хабар расид, ки рӯзи 28 апрел Андрей К., як сокини 34-сола дар мағозаи "Пятерочка"-и вилояти Тулаи Русия хазинадори мағоза Умеда Эгамуродоваро 21 корд задааст.
Вазорати корҳои дохилии Русия хабар дод, ки Умедаи 33-сола дар бемористон вафот кард. Вай се фарзанди ноболиғ дошт.