Ба ҷонибдорӣ аз фаъоли мадании зиндонӣ Гаспар Маталаев 22 май дар назди сафорати Туркманистон дар ИМА тазоҳурот баргузор шуд.
Дар тазоҳурот 17 нафар иштирок доштанд. Онҳо дархости озодии Маталаевро, ки зери он 100 ҳазор нафар аз саросари ҷаҳон имзо гузошта буданд, ба кормандони сафорат пешниҳод карданд.
"Ба инҷо омадем, то эътирози худро ба ҳабси Гаспар Маталаев ва меҳнати иҷборӣ дар Туркманистон баён кунем. Мо инҷо ба хотири озодии баёну расонаҳо дар Туркманистон ҳастем. Озодӣ ба Гаспар Маталаев!", - иқтибос овардааст turkmen.news аз сухани тазоҳургарон.
Гаспар Маталаев яке аз ҳомиёни ҳуқуқи туркман аст, ки зидди ҷалби сокинони Туркманистон ба меҳнати иҷборӣ дар мавсими ҷамъоварии пахта мубориза мебурд. Ӯро шаби 4 октябри соли 2016 дар хонааш, дар Туркманобод дастгир карданд.
Ба иттилои turkmen.news, Маталаевро бо барқ шиканҷа кардаанд, то гуноҳро ба гардан гирад ва додгоҳ низ ӯро се сол аз озодӣ маҳрум кард.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Front Line Defenders ва Freedom United борҳо боздошти фаъоли туркманро маҳкум карданд. Гуруҳи кории СММ дар умури боздоштҳои худсарона моҳи июни соли 2018 ҳабс ва ҳукми зиндони Гаспар Маталаевро худсарона номиданд.