Сокинони чанд минтақаи Туркманистон дубора ба норасоии орд рӯ ба рӯ шуданд.
Ба иттилои шоҳидон, дар чанд ноҳияи вилояти Марӣ чанд ҳафта аст, ки орд фурӯхта намешавад.
"Сокинони ноҳияҳои Байрамалӣ, Гарагум, Йолотен, Сакар-чэге ва ғайра тавонистанд, ки меъёри моҳи мартро миёнаҳои моҳи апрел харидорӣ кунанд", - хабар дод нашрияи "Хроника Туркменистана" 18 апрел.
Ин дар ҳолест, ки бархе аз сарчашмаҳо мегӯянд, камбуди орд ба ирсоли кумакҳои башарӣ ба Афғонистон рабт дорад, ки аз обхезиҳо зиён дидааст.
"Маҳсулот, аз ҷумла орд, ба Афғонистон ирсол мешавад. Пештар кумакҳо аз ҳисоби захираи давлатӣ фиристода мешуданд, аммо ҳоло аз ҳисоби он захираҳое фиристода мешаванд, ки барои таъмини аҳолӣ пешбинӣ шудаанд. Норасоии орд дар Марӣ маҳз ба ирсоли кумакҳо ба Афғонистон рабт дорад", - гуфт як манбаъ аз вазорати мудофиаи Туркманистон.