Дар натиҷаи эътирозҳои бахшиба ба 71-умин солгарди "Накба" (Рӯзи бадбахтӣ) дар марзи Исроил ва навори Ғаза ҳудуди 50 фаластинӣ захмӣ шуданд. Дар ин бора хабаргузории Reuters иттилоъ медиҳад.
Ба огаҳии артиши Исроил, дар эътирозҳо ҳудуди 10 ҳазор одам иштирок доранд. Рӯзи 15 май эътирозгарон ба ҷониби сарбозони Исроил санг ҳаво доданд ва ба гуфтаи шоҳидон, низомиён дар посух аз тирҳои воқеиву резинӣ ва гази ашковар истифода карданд.
Вазорати тандурустии Фаластин ҷароҳат бардоштани сокинони худро шарҳ намедиҳад.
Фаластиниҳо дар Соҳили ғарбӣ низ тазоҳурот баргузор карданд, вале дар бораи задухурди ҷиддии эътирозгарон бо низомиёни Исроил дар он минтақа хабар дода намешавад.
Соли равон пеш аз рӯзи "Накба" низои дигаре миёни Фаластину Исроил сар зад. Як нишонзани фаластинӣ ду сарбози исроилиро захмӣ кард ва нирӯҳои ҳавоии Исроил дар посух мавзеъҳои гуруҳи "Ҳамос"-ро ҳадаф қарор доданд, ки дар натиҷа ду фаластинӣ ҷон доданд. Сипас аз ҷониби Ғаза ба Исроил садҳо мушак партоб шуд, ки чаҳор сокини Исроилро кушта, даҳҳо тани дигарро захмӣ карданд. Дар натиҷаи зарбаҳои артиши Исроил 20 сокини Фаластин кушта шуданд.
Баъзе аз кишварҳои арабӣ моҳи майи соли 1948 ба қарори СММ дар бораи таъсиси давлате бо номи Исроил норозигӣ баён карда, зидди нирӯҳои мусаллаҳи он амалиёти низомиеро ба роҳ монданд. Исроил ба ҳамлаҳо посух гуфта, як қисми замини кишварҳои арабиро ишғол кард. Дар ҷаҳони араб ин ҳодиса бо номи "Накба" маъруф аст.