Хабарҳо

Дар мактабҳои вилояти Тошканд хонандагонро бо рӯймол ба дарс роҳ намедиҳанд

"Соати 7-и субҳ бояд дар назди дарвозаи мактаб як зан ва як мард истанд ва онҳоро ҳамроҳ бо хонандагоне, ки дер меоянд, акс гирифта ба ман фиристанд", - мегӯяд мудири шуъбаи маорифи яке аз ноҳияҳои Тошканд.

7 октября 2019
Ду табибро дар Қазоқистон ба куштори навзоде гумонбар мекунанд

Лаззат Актаева, ноиб-вазири тандурустии Қазоқистон аз волидони навзод узрхоҳӣ кард. Нисбати табибон бо моддаи "куштор" парванда боз шудааст.

7 октября 2019
Дар Туркманистон тағйири Конститутсияро оғоз карданд
Дар Туркманистон тағйири Конститутсияро оғоз карданд

Ҳамчунин бо пешниҳоди президенти Туркманистон порлумони ин кишвар дорои ду палата хоҳад шуд ва қарор аст, таҳрири нави Конститутсия соли 2020 дар ҷаласаи порлумон ба баррасӣ гирифта шавад.

7 октября 2019
"Бӯсу канор манъ аст!", "Арӯс" даркор"? Ду равиши нави таксиронҳои Душанбе
"Бӯсу канор манъ аст!", "Арӯс" даркор"? Ду равиши нави таксиронҳои Душанбе

Ба қавли таксиронҳо, гоҳе ҳам то расонидани муштарӣ ба макон шоҳиди ҷанҷолу моҷаро ва дашномҳои қабеҳ бо телефони мобил мешаванд ва баъзан маҷбуранд, ба ин гуфтугӯ дахолат кунанд.

7 октября 2019
Таҳқиқи ошӯб дар Ваҳдат. Бародари Ҳусейн Абдусамадов – яке аз муттаҳамон
Таҳқиқи ошӯб дар Ваҳдат. Бародари Ҳусейн Абдусамадов – яке аз муттаҳамон

Абдусамадови 38-сола аз соли 2009 боз бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон дар зиндон аст. Вайро ба шарикӣ дар ҷиноят, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва кумак ба вуруди ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон ба 16 соли зиндон маҳкум карда буданд. Дар пайи татбиқи яке аз қонунҳои афв ҳукми ӯ то чаҳор сол сол поин оварда шудааст.

2 сентября 2019
Дар Ӯзбекистон эътибори шиносномаҳои ҷустуҷӯшавандаҳоро бекор мекунанд
Дар Ӯзбекистон эътибори шиносномаҳои ҷустуҷӯшавандаҳоро бекор мекунанд

Аз ин ба баъд дар Ӯзбекистон муҳлати шиносномаи онҳое бекор мешавад, ки айбдоршаванда ва ё гумонбар эътироф шуда, дар ҷустуҷӯ ҳастанд ва эҳтимол дорад, кишварро тарк кунанд.

2 сентября 2019
Русия зарбаҳои ИМА алайҳи "ал-Қоида"-ро дар Сурия маҳкум кард
Русия зарбаҳои ИМА алайҳи "ал-Қоида"-ро дар Сурия маҳкум кард

Дар изҳороти Фармондеҳии марказии Неруҳои мусаллаҳи ИМА омадааст, ки ҳадафи ҳамлаҳо раҳбари "ал-Қоида" дар Сурия буд. Аммо дар изҳорот гуфта нашудааст, ки ҳамлаҳо бо мушак ё бомб анҷом шуданд.

2 сентября 2019
Дору ва дандон: қарори Раҳмон барои ташкили 2 корхонаи нав ва супориш ба Озода Раҳмон
Дору ва дандон: қарори Раҳмон барои ташкили 2 корхонаи нав ва супориш ба Озода Раҳмон

 Тибқи қарори Ҳукумат, ду корхонаи нави воҳиди давлатӣ – “Дорухона” ва “Дандонпизишк” мебошанд, ки дар назди муассисаи давлатии “Маркази тиббӣ”-и назди дастгоҳи Президент таъсис ёфтанд.

4 июля 2019
Нигина Амонқулова тарки Душанбе кард? - Видео
Нигина Амонқулова тарки Душанбе кард? - Видео

Нигина Амонқулова хатмкардаи омӯзишгоҳи тиббӣ аст. Ӯ оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад. Аммо ҳунарманд дар ягон мусоҳиба зиндагии шахсиашро ифшо намекунад ва дар саволҳои рӯзноманигорон дар бораи шавҳараш мегӯяд, ки "зиндагии шахсиам танҳо ба худам тааллуқ дорад".

4 июля 2019
Супориши Раҳмон барои барҳамдиҳии қароргоҳҳои Президент дар Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа
Супориши Раҳмон барои барҳамдиҳии қароргоҳҳои Президент дар Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки қароргоҳҳои президент дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар, собиқ Қӯрғонтеппа барҳам дода шаванд

4 июля 2019
Меҳринигор касбашро иваз мекунад? - овозхон гуфт, ки акнун мутахассиси риштаи ҳуқуқ аст
Меҳринигор касбашро иваз мекунад? - овозхон гуфт, ки акнун мутахассиси риштаи ҳуқуқ аст

Меҳрнигори Рустам, овозхони номии тоҷик Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм кард. Худи ҳунарманд мегӯяд, акнун ӯ мутахассиси риштаи ҳуқуқ низ аст ва ба устодонаш изҳори миннатдорӣ мекунад

4 июля 2019
Ҳамлаи ҳавоӣ ба маркази гурезаҳои Либия: 40 кас кушта шуд
Ҳамлаи ҳавоӣ ба маркази гурезаҳои Либия: 40 кас кушта шуд

Мақомоти Либия зарбаҳои ҳавоиро кори "Артиши миллии Либия" ба раҳбарии генерал Халифа Ҳафтар номиданд, ки аз моҳи апрели соли равон ҳамларо ба шаҳри Триполӣ оғоз кардааст.

4 июля 2019
Коршинос: Ваҳдати миллӣ – омили асосии инкишофи фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон шуд
Коршинос: Ваҳдати миллӣ – омили асосии инкишофи фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон шуд

Коршинос ва корманди Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Аминҷон Одинаев дар мусоҳиба ба агентии “Ховар иброз доштааст, ки “Ваҳдати миллӣ омили асосии инкишофи бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон гардид”.

29 июня 2019
Тоҷикистон дар 5 моҳ бо СҲШ ба арзиши беш аз $1 млрд. гардиши мол анҷом додааст
Тоҷикистон дар 5 моҳ бо СҲШ ба арзиши беш аз $1 млрд. гардиши мол анҷом додааст

 Тоҷикистон дар 5 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ бо кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой ба арзиши беш аз 1 миллиарду 203,4 миллион доллар гардиши молиро анҷом дод, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

29 июня 2019
Қатли духтари 21-сола аз сӯи ҷавонписар дар кӯчаи Фирдавсии Душанбе
Қатли духтари 21-сола аз сӯи ҷавонписар дар кӯчаи Фирдавсии Душанбе

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 25-сола хабар дод, ки дар марги ҷавондухтари 21-сола муттаҳам мешавад  Тибқи иттилои ВУД, маъмурини милисаи ноҳияи Фирдавсӣ, ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Ҳамадониро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карданд.

29 июня 2019
Шиноснома 5 сомонӣ бошаду ивазкунӣ – 1 рӯз: пешниҳоди вакили парлумони Тоҷикистон
Шиноснома 5 сомонӣ бошаду ивазкунӣ – 1 рӯз: пешниҳоди вакили парлумони Тоҷикистон

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон мегӯяд, шиносномаҳои пластикӣ ба он нархе, ки имрӯз аз мардуми кишвар гирифта мешавад, намеарзанд Усмонзода гуфт, шиносномаи пластикӣ бояд 5 сомонӣ бошаду ивазкунии он дар як рӯз сурат бигирад, чун ба гуфтаи ӯ дастгоҳи тавлиди ин шиноснома дар консулгарӣ кор мекунад.

29 июня 2019
Русия ба тақвияти нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кумак медиҳад
Русия ба тақвияти нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кумак медиҳад

Ёдовар мешавем, ки Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон аъзои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ мебошанд.

29 июня 2019
Зане, ки дар назди Путин ба зону зад: президент гуфт, то ҳол шармаш меояд
Зане, ки дар назди Путин ба зону зад: президент гуфт, то ҳол шармаш меояд

Аз раисҷумҳури Русия пурсиданд, ки оё ӯ ҳам аз чизе хиҷолат мекашад ё шарм мекунад. Раисҷумҳур қиссаеро аз ҳаёти шахсиаш гуфт ва иқрор шуд, ки бале

21 июня 2019
Душанбе боз мизбони президентҳо: Ҳукумат барои омодагӣ Расулзодаро роҳбар монд
Душанбе боз мизбони президентҳо: Ҳукумат барои омодагӣ Расулзодаро роҳбар монд

Иҷлосияи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай соли 2021дар Душанбе баргузор мешавад. Ҳукумат барои омодагӣ ба ин иҷлосия Кумитаи тадорукотӣ таъсис додааст, ки роҳбарии онро нахуствазири Тоҷикистон ба дӯш дорад

21 июня 2019
Барканору ронда шуданд: ҷазои Сангинзода ва Неъматзода баъди шикояти сармоягзори украинӣ
Барканору ронда шуданд: ҷазои Сангинзода ва Неъматзода баъди шикояти сармоягзори украинӣ

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот эълон кард, ки дар пайи шикояти як сармоягузори украинӣ ду мансабдори воломақоми Ожонси мубориза бо маводи мухаддир, аз ҷумла роҳбари раёсат дар вилояти Суғд барканору аз мақомот ронда шуданд

21 июня 2019
Занги Путин ба Эмомалӣ Раҳмон баъди бозгашташ аз Душанбе ба Маскав
Занги Путин ба Эмомалӣ Раҳмон баъди бозгашташ аз Душанбе ба Маскав

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия баъди бозгашташ аз Душанбе ба Маскав ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон занг задааст

21 июня 2019
Озода Раҳмон гуфт дар кадом ҳолатҳо соҳиби симкорт ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад
Озода Раҳмон гуфт дар кадом ҳолатҳо соҳиби симкорт ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад

Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи равон дар ҷаласаи палатаи болоии парлумон ҳолатҳои барои симкорт ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани истифодабарандагонро тавзеҳ дод

21 июня 2019
Аз мақомоти Ӯзбекистон хостанд, дипломати зиндониро озод кунанд
Аз мақомоти Ӯзбекистон хостанд, дипломати зиндониро озод кунанд

Созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи "Human Rights Watch" (HRW) аз Тошканди расмӣ даъват кард, ки дипломати пешин Қодирҷон Юсуповро фавран аз зиндон раҳо кунад. Юсупови 67-сола бо айби хиёнат ба давлат моҳи декабри соли 2018 зиндонӣ шуда, айни ҳол аз бемории равонӣ ранҷ мебарад. HRW мегӯяд, дипломати пешинро дар зиндон шиканҷаву таҳқир мекунанд.

17 июня 2019
Баҳси дигари бокирагӣ: "Нафас мекашам, аммо худам вуҷуд надорам"
Баҳси дигари бокирагӣ: "Нафас мекашам, аммо худам вуҷуд надорам"

Шаби аввали арӯсӣ барои Идимоҳ Шерова, сокини 19-солаи ноҳияи Данғара “бо фоҷиа ва бадномии ӯ ва хонаводаашон” табдил шудааст.

17 июня 2019
Нисфи вакилони порлумони Қирғизистон аз лағви дахлнопазирии Отамбоев ҷонибдорӣ карданд
Нисфи вакилони порлумони Қирғизистон аз лағви дахлнопазирии Отамбоев ҷонибдорӣ карданд

Шаст тан аз вакилони порлумони Қирғизистон ба ҷонибдорӣ аз бекор кардани дахлнопазирии президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев раъй доданд. Канатбек Исоев, ташаббускори ҷамъоварии имзои вакилон гуфт, ҳамакнун комисияи махсусе бояд ин масъаларо омӯзад ва ба баррасии порлумон пешниҳод кунад.

17 июня 2019
Ҳамлагари масҷиди Зеландияи Нав айбҳои эъломшударо рад кард
Ҳамлагари масҷиди Зеландияи Нав айбҳои эъломшударо рад кард

Брентон Таррант, сокини Австралия, ки ба масҷиде дар шаҳри Крайстчёрчи Зеландияи Нав ҳамла карда буд, айбҳои нисбаташ эъломшударо эътироф намекунад.

17 июня 2019
Дар шаҳри Алмато шиори "Президенти ман нест" овехтанд
Дар шаҳри Алмато шиори "Президенти ман нест" овехтанд

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон шиори "Президенти ман нест" овехтанд. Дар ин бора расонаҳои он кишвар иттилоъ доданд. Ба гуфтаи шоҳидон, ин шиор дар шаҳраки Самали Алмато овехта шудааст.

17 июня 2019
Саммити СҲШ дар шаҳри Бишкек идома дорад
Саммити СҲШ дар шаҳри Бишкек идома дорад

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон имрӯз, 14 июн, ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шангхай шуруъ шуд. Дар ин саммит роҳбарони кишварҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Чин, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳинд ва Покистон иштирок мекунанд.

17 июня 2019
"Президент Суғдро обод мекунаду ба мо аҳамият намедиҳад”: Раҳмон ин гапро шуниду шарҳ дод
"Президент Суғдро обод мекунаду ба мо аҳамият намедиҳад”: Раҳмон ин гапро шуниду шарҳ дод

“Дар вилояти Суғд, сухан ҳанӯз аз забони ман набаромадааст, ки роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва мардуми ин шаҳру навоҳӣ ин супоришҳоро  дастаҷамъона иҷро мекунанд”, - шарҳ дод раисиҷумҳур.

3 июня 2019
«Большая Евразия» и общее гуманитарное пространство
«Большая Евразия» и общее гуманитарное пространство

В столице Кыргызстана прошел круглый стол на тему: «Большая Евразия: гуманитарное сотрудничество стран ЕАЭС и ШОС».

31 мая 2019
Парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Эрон барқарор мешавад (видео)
Парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Эрон барқарор мешавад (видео)

Пас аз таваққуфи чандмоҳа парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Эрон дубора барқарор мешавад. Ба як ширкати ҳавопаймоии эронӣ иҷоза дода шуд, ки аз Душанбе ба Машҳад, парвоз анҷом диҳад.

28 мая 2019
Дар Бишкек ба хотири қурбониёни хушунат тазоҳурот мекунанд
Дар Бишкек ба хотири қурбониёни хушунат тазоҳурот мекунанд

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон имрӯз, 27 май ба хотири қурбониёни арӯсрабоӣ ва хушунат ҳамоиш ё тазоҳуроте баргузор хоҳад шуд. Яке аз созмондиҳандагони чорабинӣ Гуляйим Айилчӣ гуфт, барои он 27 майро интихоб карданд, ки соли гузашта маҳз дар ҳамин рӯз Бурулай Турдаалии 20-сола дар Шуъбаи пулиси ноҳияи Жайилӣ кушта шуд.

28 мая 2019
Мақомоти Ишқобод коргоҳҳоро аз биноҳои нав берун мекунанд
Мақомоти Ишқобод коргоҳҳоро аз биноҳои нав берун мекунанд

Мақомоти Ишқобод ширкатҳоеро, ки дар таҳхонаи биноҳо коргоҳ доранд, маҷбур мекунанд, онҳоро холӣ созанд.

28 мая 2019
Шойгу: Русия ба пуштибониаш аз Тоҷикистон идома медиҳад
Шойгу: Русия ба пуштибониаш аз Тоҷикистон идома медиҳад

Дар Душанбе мулоқоти президенти Тоҷикистон ва вазири дифои Русия баргузор шуд ва ду тараф ҳамкориҳои низомиро баррасӣ кардаанд.

28 мая 2019