Баҳси дигари бокирагӣ: "Нафас мекашам, аммо худам вуҷуд надорам"

17 июня 2019 Баҳси дигари бокирагӣ: "Нафас мекашам, аммо худам вуҷуд надорам"

Шаби аввали арӯсӣ барои Идимоҳ Шерова, сокини 19-солаи ноҳияи Данғара “бо фоҷиа ва бадномии ӯ ва хонаводаашон” табдил шудааст.

Шавҳараш Фирӯзи Муҳаммадраҷаб иддао дорад, ки вай нодухтар буд ва “дар навори видеоӣ ба гуноҳи худ иқрор кард”. Вале Идимоҳ Шерова мегӯяд, шавҳараш бо латту кӯби зиёд ӯро маҷбур кард, дар назди камераи телефон иқрор кунад, ки бокира набуд.

"Аз тарс ва барои то субҳ зинда мондан ҳар амрашро иҷро кардам. Гуфт, ки ту нодухтарӣ ва дар рӯ ба рӯи наворгир ҳамин гапро гӯй. Аввал розӣ нашудам. Бо банди чодар ду дафъа хост, ба дор кашад. Баъдан аз тарс гапҳои гуфтаашро такрор кардам. Гуфтам, ки бо писари ҳамсоя дар 8-солагӣ хоб кардам” - гуфт ӯ рӯзи 13-уми июн.

Идимоҳ Шерова афзуд, рӯзгори сахти ӯ ҳам пас аз ин оғоз шуд. Навори нимаурён ва “худиқрорӣ”-и Идимоҳ, ки ба гуфтаи ӯ шаби аввали арӯсӣ ва аз тарафи шавҳараш маҷбурӣ сабт шуда буд, дар деҳа, миёну хешовандону ҳамсояҳо ва ҳатто дар телефонҳои хонандагони мактаб паҳн шуд.

Идимоҳ барои чунин рафтори шавҳар ба Додгоҳи ноҳияи Данғара шикоят кард ва 50 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ талаб намуд. Додгоҳ даъвои ӯро рад кард, чун ба қавли додрас, далели бадномӣ ва паст задани шаъну эътибори ӯро наёфтаанд.

Духтарон дар Тоҷикистон пеш аз арӯсӣ аз ташхиси тиббӣ мегузаранд, то бокира будани худро исбот кунанд. Идимоҳ Шерова мегӯяд, пеш аз издивоҷ ва баъди он чаҳор дафъа аз ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ гузашт, вале шавҳараш натиҷаҳои онро қабул надорад.

Ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ дар маркази ноҳияи Данғара мушаххас кардааст, ки Идимоҳ бокира аст. Се ташхиси дигар дар Бохтар ва Душанбе сурат гирифта ва ба қавли мардум покдоманиашро собит кардааст.

Фирӯзи Муҳаммадраҷаб, шавҳари собиқи Идимоҳ, рӯзи 13-уми июн дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ ҳамаи иддаои Идимоҳро рад кард. Ӯ гуфт, дар воқеъ, иқрори Идимоҳро дар телефон сабт кард, вале на бо тани урён. Наворро чун далел ба додгоҳ пешниҳод кардааст, аммо паҳн кардани онро дар телефонҳои дигар рад мекунад: “Пардаи бакораташ ёзандаи тағйирнаёбанда будааст. Дар вақти робитаи ҷинсӣ бе вайроншавӣ имконият медиҳад. Дар сабт ҳам худаш тасдиқ кардааст. Гуфтааст, ки ман ҳамроҳи як бача ҳамхоба шудаам.”

Аммо Идимоҳ мегӯяд, ҳамаро аз тарси мушту лагад ба забон овард ва ба муборизааш идома хоҳад дод.

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ба мавзӯи бокирагии духтарон ҷиддӣ бархӯрд мешавад. Мардум муносибатҳои маҳрамонаи пеш аз арӯсиро қабул надоранд ва дар сурати ифшои ба истилоҳ "нодухтарӣ" арӯсро аз хонаи шавҳар ва ҳатто волидон берун мекунанд.

Тибқи омори Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ дар соли гузашта беш аз 570 нафар барои ташхиси бакорат муроҷиат кардаанд, ки беш аз 60 дарсади ташхиси бакорат пас аз тӯй ва сар задани баҳсҳо сурат гирифтанд.