Роҳбари муассисаи тиббиеро дар вилояти Атирауи Қазоқистон дар куштори тифли навзоде гумонбар мекунанд. Дар ин бора Шингис Кабдула, як мақомдори оҷонсии мубориза зидди фасодкории Қазоқистон рӯзи 4 октябр хабар дод.
Лаззат Актаева, ноиб-вазири тандурустии Қазоқистон аз волидони навзод узрхоҳӣ кард. Нисбати табибон бо моддаи "куштор" парванда боз шудааст.
Ба иттилои тафтишот, табибон аз рӯи хунукназарӣ навзодро тифли мурда таваллудшуда сабти ном кардаанд, ҳарчанд тифл ҳанӯз зинда буд. Баъди он ки зинда будани кӯдак дақиқ шуд, табибон нахостанд, санадҳоро дубора сабти ном кунанд: зеро санадҳо дар пойгоҳи умуӣ ворид шуда буд "ва онҳоро тағйир додан имкон надошт", гуфт Шингис Кабдула.
Ба навиштаи расонаҳо, момодоя ба сардухтур тариқи телефон хабар додааст, ки тифл ҳанӯз зинда аст, аммо сардухтур дар навбати худ гуфтааст, ки тифлро "беҳтар аст" дар яхдон боқӣ монанд. Телефони роҳбари муассиса ё сардухтурро мақомоти зидди фасоди Қазоқистон гӯш мекарданд.
Аз рӯи ин модда, сардухтур ва момодояро то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.