Тоҷикистон дар 5 моҳ бо Русия, Чин ва Қазоқистон ба арзиши беш аз 1 миллиард доллар гардиши молиро анҷом додааст
Тоҷикистон дар 5 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ бо кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой ба арзиши беш аз 1 миллиарду 203,4 миллион доллар гардиши молиро анҷом дод, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи ожонси омори Тоҷикистон, беш аз 1 миллиард доллари ин маблағ воридоти колоҳо аз кишварҳои СҲШ мебошанд. Дар ин муддат ҳаҷми гардиши молӣ бо Қазоқистон, Русия, Узбакистон ва Ҳиндустон афзоиш ва бо Қирғизистон, Чин ва Покистон коҳиш ёфт.
Русия, Чин ва Қазоқистон дар СҲШ шарикони аслии бозаргонии ҶТ мебошанд. Тоҷикистон дар 5 моҳ бо ин се кишвар ба арзиши беш аз 1 миллиард доллар гардиши молиро анҷом дод.
Гардиши молии ҶТ бо кулли кишарҳои ъузви СҲШ дар ин муддат манфӣ буд, яъне воридоти коло аз ин кишварҳо бар содирот бартарӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ба ин кишарҳо аслан алюминиум, панба, меваҳои хушк, яъне колоҳои бе пардозиши ъамиқ содир мекунад. Ин дар ҳолест, ки аз кишварҳои СҲШ колоҳои комилан омода бо нархи баланд ворид мегарданд.