Русия ба тақвияти нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кумак медиҳад

29 июня 2019 Русия ба тақвияти нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кумак медиҳад

Русия мехоҳад ба қувваиҳои низомии Тоҷикистон кумакӣ техникӣ анҷом диҳад

Русия бо таваҷҷӯҳ ба таҳдидоти террористони байналмилалӣ дар Афғонистон дар садади тақвияти артишу хадамоти вижаи Тоҷикистон аст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии кумитаи иҷроияи ИКҲ, Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия дар ҷаласаи кумитаи дабирони шӯроҳои амниятии кишварҳои СПАД дар Бишкек дар ин бора суханронӣ кардааст.

Ба гуфтаи Патрушев, Русия омода аст, ки барномаи навсозии нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои Осиёи Марказиро амалӣ кунад.

Ёдовар мешавем, ки Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон аъзои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ мебошанд.