Нисфи вакилони порлумони Қирғизистон аз лағви дахлнопазирии Отамбоев ҷонибдорӣ карданд

17 июня 2019 Нисфи вакилони порлумони Қирғизистон аз лағви дахлнопазирии Отамбоев ҷонибдорӣ карданд

Шаст тан аз вакилони порлумони Қирғизистон ба ҷонибдорӣ аз бекор кардани дахлнопазирии президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев раъй доданд.

Канатбек Исоев, ташаббускори ҷамъоварии имзои вакилон гуфт, ҳамакнун комисияи махсусе бояд ин масъаларо омӯзад ва ба баррасии порлумон пешниҳод кунад.

"Комисия месанҷад, ки оё айбномаи мо ҳақиқат дорад ё на. Агар гуфтаҳои мо ҳақиқат дошта бошанд, комисия масъаларо дар баррасии порлумон мегузорад. Порлумон онро ба додситонӣ ирсол мекунад. Дар сурати ҳақиқат доштани айбномаи мо, додстонӣ аз порлумон дархост мекунад, ки дахлнопазирии президенти пешин бекор шавад. Агар аз ин ташаббус аз се ду ҳиссаи вакилон - 80 вакил - ҷонибдорӣ кунад, пас Отамбоев аз ҳаққи дахлнопазирӣ маҳрум мешавад", - гуфт Исоев.

Отамбоев аз соли 2011 то 2017 президенти Қирғизистон буд. 8 июн вай дар як гирдиҳамоӣ ширкат ва дар суханрониаш ҳукумати феълиро танқид кард.

Дар ҷаласаи рӯзи 12 июн бархе аз вакилони порлумон дар посух давраи роҳбарии Отамбоевро танқид карданд.