Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон имрӯз, 14 июн, ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шангхай шуруъ шуд. Дар ин саммит роҳбарони кишварҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Чин, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳинд ва Покистон иштирок мекунанд.
Мулоқот дар қароргоҳи президенти Қирғизистон дар минтақаи "Ала-Арча"-и канори Бишкек пушти дарҳои баста сурат мегирад. Дар ин саммит ҳамчунин кишварҳои нозири созмон - Афғонистон, Эрон ва Муғулистон иштирок доранд.
Дар поёни саммит интизор меравад, наздики 30 санад имзо шавад.
Пештар аз ин мушовири президенти Русия Юрий Ушаков ба рӯзноманигорон хабар дод, ки иштирокдорони саммит ҳамкорӣ дар бахши амният, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, масоили рушди иқтисодӣ, саноат ва ҳамкорӣ дар бахши гуманитариро баррасӣ мекунанд.