Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон имрӯз, 27 май ба хотири қурбониёни арӯсрабоӣ ва хушунат ҳамоиш ё тазоҳуроте баргузор хоҳад шуд.
Яке аз созмондиҳандагони чорабинӣ Гуляйим Айилчӣ гуфт, барои он 27 майро интихоб карданд, ки соли гузашта маҳз дар ҳамин рӯз Бурулай Турдаалии 20-сола дар Шуъбаи пулиси ноҳияи Жайилӣ кушта шуд.
"Ҳадафи асосӣ расонидани ин мушкил ба ҷомеа аст. Бояд таваҷҷуҳ кард, ки мушкили никоҳи иҷборӣ ҳанӯз ҳам мавҷуд аст ва аз тарафи дигар 27 май солгарди куштори Турдаалӣ аст. Ҳарчанд ҷазоро барои арӯсрабоӣ сангинтар кардаанд, вале он ҳанӯз ҳам мушоҳида мешавад", - изҳор дошт Гуляйим Айилчӣ.
Ёдрас мешавем, 27 майи соли 2018 дар шуъбаи пулиси ноҳияи Жайили Қирғизистон Бурулай Турдаалии 20-сола аз захми корд ҷон бохт. Духтарро Марс Бодошев корд зад, ки ба хотири издивоҷ ӯро дуздида буд. Бодошев баъдан худро низ захмӣ кард.
Ин ҳодиса дар ҷомеаи Қирғизистон баҳсҳои тундеро ба бор оварда, президент Сооронбой Ҷеенбеков ба тафтиши мушикофонаи он дастур дод. Вазорати умури дохилии Қирғизистон дар натиҷаи санҷиши ҳодиса эълом кард, ки 23 корманди он муҷозот шуда, 13 нафар бо шумули сардори пулиси вилояти Чуй Нурлан Сарчаев, ду муовини ӯ Марлис Асанову Канат Жумаев ва сардори пулиси Жайил Муратбек Исмоилов мақомҳои худро аз даст доданд.
Додгоҳ моҳи феврали соли равон дар доираи ин парванда Марс Бодошевро ҳамчун гумонбари асосӣ 20 сол бо мусодираи молу мулк аз озодӣ маҳрум карда, дӯсти ӯ Акмат Сейитовро низ дар ҷиноят "шарик" эътироф ва 7 сол зиндонӣ намуд.