Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, иддаоро, ки танҳо ба ободонии навоҳии алоҳидаи кишвар аҳамият медиҳаду бархеи дигарро беаҳамият гузоштааст, шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон охири ҳафтаи гузашта дар мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара гуфт, бархе гапҳо, ки гӯиё роҳбари давлат ба вилояти Суғд зиёд аҳамият медиҳаду навоҳии дигарро бетаваҷҷуҳ гузоштааст, ба гӯши ӯ расидаанд.
“Ман мешунавам, баъзе ҷойҳода гап мекунанд, ки ана Ҷаноби Олӣ рафт вилояти Суғд, ҳамаи кори ободониро дар он ҷо карда истодаанд, ана ба ноҳияи мо аҳамият намедиҳанд. Ин дурӯғи маҳз аст”, - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ изҳор дошт, ки ободкориҳои Суғд ҳосили корчалонии роҳбарон, соҳибкорон ва сокинони шаҳру навоҳии ин вилоят мебошад.
“Дар вилояти Суғд, сухан ҳанӯз аз забони ман набаромадааст, ки роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва мардуми ин шаҳру навоҳӣ ин супоришҳоро дастаҷамъона иҷро мекунанд”, - шарҳ дод раисиҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон аввали соли равон Қурбон Ҳакимзодаро раиси вилояти Хатлон таъин кард, ки солҳои 2006 - 2008 муовини раиси вилояти Суғд, солҳои 2008 - 2010 раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, солҳои 2010 - 2013 раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ва солҳои 2013 - 2018 муовини якуми раиси вилояти Хатлон буд.