Ӯ афзуд, вақте мақомот ин гуруҳҳоро муташаккили ҷиноятӣ хитоб мекунад, баъзан онҳо вокуниши норозиёна нишон медиҳанд. Ятимов таъкид намуд, ки гуруҳҳои Хоруғ ба меъёре, ки қонун нисбати иттиҳодияҳои ҷиноятӣ муайян кардааст, мувофиқ мебошанд.
28 октября 2018Овозхони ноболиғ аз Арабистони Саудӣ бо иҷрои як тарона парчаму шоҳ ва барномаҳои баландпарвозонаи кишварашро васф кардааст. Овозхонии Ваъд Муҳаммад яке аз талошҳои Саудӣ барои нишон додани пешрафти кишвар аст.
10 октября 2018Пажӯҳишгарони "Маҷмаи байналмилалии тағйироти обу ҳавоӣ" ҳушдор додаанд, ки барои пешгирӣ аз гармоиши замин ва тағйироти хатарноки солҳои оянда, ба чораҳои фаврӣ ва густурда ниёз мебошад. "Маҷмаи байналмилалии тағйироти обу ҳавоӣ", ки дар соли 2007 барандаи Ҷоизаи Нобел шуд, мегӯяд, бо вазъи феълӣ ва миқдори тавлиди газҳои гулхонаӣ, гармои замин то соли 2030 ба миқдори 1,5 дараҷаи сантиград афзоиш меёбад.
10 октября 2018Созишномаи грантиро бо маблағи 10 миллион доллар рӯзи 9-уми октябр Файзиддин Қаҳорзода, вазири молия аз номи ҳукумат ва Прадип Сривастава намояндаи доимии ин бонк дар Тоҷикистон онро имзо карданд.
10 октября 2018Никки Ҳейлӣ - сафири ИМА дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 9-уми октябр аз мақомаш истеъфо дод. Эълони ин хабар дар Кохи Сафед сурат гирифт ва президент Трамп гуфт, ки Ҳейли ин вазифаро то охири сол тарк мекунад. Пеш аз эълони хабар, манбаъҳои наздик ба таҳаввулот ба сомонаи хабарии Axios гуфтанд, ки Ҳейлӣ масъалаи истеъфояшро ҳафтаи гузашта бо Трамп матраҳ кард ва Трамп низ истеъфои ӯро пазируфт.
10 октября 2018Вале чанд дӯкони хайётӣ, ки дар шаҳр фаъол аст, дар баробари боз кардани дарҳояш ба рӯи муштариҳо, суроғи соҳибонеро меҷӯяд, ки дар остонаи ид барои фарзандон либосҳои наву тоза фармоиш дода буданд.
10 октября 2018"Навраси гирифтори аутизм ё дархудмондагӣ дар тифлӣ ятим мемонад ва баъди ғарқ шудан дар ҳавзи оббозӣ як муддат дучори марги клиникӣ мешавад. Баъди наҷот аз ин ҳолат ба як инсони дорои нерӯ ва истеъдоди фавқулода табдил меёбад".
10 октября 2018Рӯзи 27-уми июн дар Тоҷикистон ҷашни ваҳдат ва ризоияти миллӣ таҷлил шуд. Рӯзе, ки маъмулан дар мавриди сабабҳои ҷанги шаҳрвандии панҷсола ваё чигунагии раванди сулҳ суҳбат мекунанд. Ҷанги ваҳшатнок дар Тоҷикистон ҳаёти бисёриҳоро рабуд. Инчунин, кишвар дар пайи онки аҳолии ғайрибумӣ дастҷамъона Тоҷикистонро тарк кард, аз нигоҳи зеҳнӣ ва обрӯ зиёни ҷиддӣ дид.
10 октября 2018Интизор меравад, ки рӯзи 7-уми октябр дар Ню-Йорк нахустин ҷаласаи муассисони ҷамъият (диаспора)-и тоҷикони муқими Амрико баргузор шавад. Аҳмад Каримзода, яке аз ташаббускорон, рӯзи шанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то ба ҳол тоҷикон дар ҳайати гурӯҳу созмонҳои алоҳида дар Амрико буданд ва ҳоло фурсат расидааст, ки ҷамъияти худро дошта бошанд.
9 октября 2018БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».
9 октября 2018Тавре як манбаъи муътамад хабар додааст, 5 ҳунарманди тоҷик аз ҷумла Тахмина Раҷабова, Қурбони Собир ва се ҳунарманди дигарро ки бисёр ҳам маҳорати хуби нақшофарӣ доранд ин коргардон ба ҳамкорӣ даъват кардааст.
9 октября 2018Ёдрас мешавем, муҳорибаи деринтизор ва пурсарусадои Ҳабиб ва варзишкори ирладӣ Конор Макгрегор 6 октябр дар Лас-Вегас баргузор шуд. Дар муҳориба варзмшкори доғистонӣ ҳарифашро мағлуб кард. Аммо дар посух ба дашномҳои ҷонибдорони Конор худро аз майдон партофта, ба онҳо дарафтод. Пештар коршиносони варзиш пешгӯӣ мекарданд, ки эҳтимол меравад, Ҳабибро барои ин амалаш аз камарбанди қаҳрамонӣ маҳрум кунанд ё аз ҳуқуқи иштирок дар бозиҳо маҳрум намоянд.
9 октября 2018