Овозхони ноболиғ аз Арабистони Саудӣ бо иҷрои як тарона парчаму шоҳ ва барномаҳои баландпарвозонаи кишварашро васф кардааст. Овозхонии Ваъд Муҳаммад яке аз талошҳои Саудӣ барои нишон додани пешрафти кишвар аст.
Ваъд Муҳаммад мегӯяд, аз фароҳам шудани имконоти нав барои занони Саудӣ хушбахт аст ва ифтихор мекунад.
“Ман барои он ба забони англисӣ сароидам, ки ба тамоми ҷаҳон нишон бидиҳам: ватани ман, ҷое, ки ман зиндагӣ карда ва бузург шудам ва то охири умр хоҳам монд, кишвари пешрафта аст ва ба пеш ҳаракат мекунад”, - гуфт ӯ.
Бо либоси суннатӣ дар бар ва ороиши комил Ваъд Муҳаммади 18-сола дар видео зоҳир шуд. Чизе, ки саудиҳо то чанд сол пеш интизор надоштанд, ҳоло мебинанд.
Ӯ соли 2012 ба саҳна қадам гузошт ва нақши Ваҷдаро дар филми аввалин зани коргардон аз Арабистони Саудӣ Ҳайфа иҷро кард. Дар ин филм дар саргузашти духтари 10-солаи ниқобпӯш дар Риёз ҳуқуқи маҳдуди занони Саудиро нишон додаанд. Модараш аз пешрафти духтараш хушҳол аст.
Ҳанон Солеҳ мегӯяд, “тасмим гирифтам, ки ба ӯ шанс бидиҳам. Чӣ бадӣ дорад? Албатта саъй кард ва шукри Худо муваффақ шуд дар филми Ваҷда. Дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҷоизаи беҳтарин ҳунарпешаро соҳиб шуд. Дар Шветсия пирӯз омад. Ба унвони беҳтарин ҳунарпеша дар Вашингтон пешбарӣ шуд. Аз Абу Дабӣ ҷоизаи ифтихорӣ гирифт. Мо ӯро то ба расидани орзуҳояш кумак мекунем.”
Ҳоло Ваъд Муҳаммад мегӯяд, аз фароҳам шудани имконоти нав барои занони Саудӣ хушбахт аст ва ифтихор мекунад.
Дар Арабистони Саудӣ то соли пеш занон ҳатто ҳаққи ронандагӣ надоштанд. Тағйирот дар ин кишвари муҳофизакори арабиро ҳосили талошҳои Шоҳзода Муҳаммад Бин Салмон мешуморанд, ки мехоҳад, бузургтарин тавлидкунандаи нафт дар ҷаҳонро тағйир дода ва ҷомеаи онро боз кунад.
Андешаи Шумо https://www.ozodi.org/a/29519440.html