Никки Ҳейлӣ - сафири ИМА дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 9-уми октябр аз мақомаш истеъфо дод. Эълони ин хабар дар Кохи Сафед сурат гирифт ва президент Трамп гуфт, ки Ҳейли ин вазифаро то охири сол тарк мекунад.
Пеш аз эълони хабар, манбаъҳои наздик ба таҳаввулот ба сомонаи хабарии Axios гуфтанд, ки Ҳейлӣ масъалаи истеъфояшро ҳафтаи гузашта бо Трамп матраҳ кард ва Трамп низ истеъфои ӯро пазируфт.
Сабаби истеъфои сафири ИМА дар Созмон Милали Муттаҳид то ҳол маълум нест.
Никки Ҳейлии 46-сола, собиқ волии Королинаи Ҷанубӣ, духтари хонаводаи муҳоҷирони ҳиндӣ, аз мушвирони қобили эътимоди президент буд. Ӯ мавқеи қотеонаро дар баробари Эрон тавсеа дод, коҳиши кумакҳои молии хориҷии ИМА-ро тавҷеҳ кард ва дар замони фаъолияташ Амрико аз Шӯрои ҳуқуқи башари СММ хориҷ шуд ва созмонро ба таассуб дар баробари Амрико ва Исроил муттаҳам кард.
Сарфи назар аз баъзе овозаҳо Ҳейлӣ дар мулоқот бо Трамп гуфт, ки барномаи иштирок дар интихоботи соли 2020-ро надорад.