Бонки Осиёии Рушд барои омӯзиши хисороти рахнашавии эҳтимолии кӯли Сарез ба Тоҷикистон 10 миллион доллар пул дод.
Созишномаи грантиро бо маблағи 10 миллион доллар рӯзи 9-уми октябр Файзиддин Қаҳорзода, вазири молия аз номи ҳукумат ва Прадип Сривастава намояндаи доимии ин бонк дар Тоҷикистон онро имзо карданд.
Ин маблағи бебозгашт барои беҳтар кардани омодагии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо офатҳои табиӣ аст. Аз ҷумла, дар доираи ин тарҳ модели рахна шудани эҳтимолии сарбанди кӯли Сарез ва оқибатҳои он таҳия карда мешавад. Ҳамчунон бахше аз маблағҳои ин лоиҳа барои ташкил кардани як системаи худкори пешогоҳкунанда аз офати табиӣ созмон дода мешавад.
Бонки Осиёии Рушд дар баёнияи матбуотии худ дар ин робита мегӯяд, аз чаҳор се ҳиссаи аҳолии Тоҷикистон дар деҳот ба сар мебаранд ва тағйирбии иқлиму мудирияти ноқис мардумро дар баробари офтаҳои табиӣ осебпазир мекунад.
Харҷи комили ин тарҳ 11 миллион доллар муайян шудааст. Бонки Осиёии Рушд 10 миллион доллари он ва ҷониби Тоҷикистон пардохти 1 миллион доллари боқимондаро бар дӯш доранд.