Пажӯҳишгарони "Маҷмаи байналмилалии тағйироти обу ҳавоӣ" ҳушдор додаанд, ки барои пешгирӣ аз гармоиши замин ва тағйироти хатарноки солҳои оянда, ба чораҳои фаврӣ ва густурда ниёз мебошад.
"Маҷмаи байналмилалии тағйироти обу ҳавоӣ", ки дар соли 2007 барандаи Ҷоизаи Нобел шуд, мегӯяд, бо вазъи феълӣ ва миқдори тавлиди газҳои гулхонаӣ, гармои замин то соли 2030 ба миқдори 1,5 дараҷаи сантиград афзоиш меёбад.
Пиряхҳои хурду бузурги Тоҷикистон манбаи аслии об дар Осиёи Марказианд, аммо дар 30 соли ахир ба сабаби гармии кураи Замин беш аз 1000 пирях комилан аз байн рафтаанд ва садҳо пиряхи дигар дар ҳоли ақибнишинӣ ҳастанд.
Пажӯҳишгарони "Маҷмаи байналмилалии тағйироти обу ҳавоӣ", ки рӯзи душанбеи 8-уми октябр дар нишасте дар Кореяи Ҷанубӣ ширкат кардаанд, мегӯянд, ки агар вазъият ба шакли кунунӣ идома ёбад, гармои замин байни солҳои 2030 то бист соли пас аз он "1,5 дараҷа бештар хоҳад шуд."
Ончи ҳушдори онҳоро ҷиддитар мекунад, ин воқеият аст, ки афзоиши гармои замин ба андозаи як дараҷаи сантиград кофӣ хоҳад буд, то оби баҳрҳо ба шакли хатарноки афзоиш ёбад, селҳо, тӯфонҳо ва хушксолиҳои маргбор ба таври чашмгире густариш ёбанд.
Пажӯҳишгарон мегӯянд, онҳо дар ҳамин солҳо ҳам шоҳиди ин тағйирот буданд, аммо дар шароити феълӣ мо дар ҳоли ҳаракат ба сӯи афзоиши се то чаҳордараҷаии гармӣ ҳастем. Ҳолате, ки бисёре аз нуқтаҳои заминро тақрибан ғайри қобили зист хоҳад кард.
Пажӯҳишгарон мегӯянд, ки агар ҳадафҳои муайяншуда дар мавриди гармоиши замин ба ним коҳиш пайдо кунад, тафовутҳои умда дар вазъият ба миён хоҳад омад. Ба ҳамин сабаб, онҳо хостори анҷоми чораҳои фаврӣ ва густурда шудаанд.
Ба гуфтаи донишмандон, дастёбӣ ба чунин ҳадафе метавонад мавҷи шадиди гармо ва боронҳои шадидро коҳиш бидиҳад ва то ҳадде пеши афзоиши баландшавии дарё ва об шудани яхҳои қутбиро бигирад.
Яке аз аъзои "Маҷмаи байналмилалии тағйироти обу ҳавоӣ" гуфтааст, "ҳар зарра афзоиши дараҷаи ҳарорат, паёмади носазое дорад". Пажӯҳишгарон хостори тағйироти аслӣ ва бунёдӣ дар сиёсатҳои марбут ба энержӣ, саноат ва фановарӣ, истеҳсолот, боркашонӣ ва шаҳрнишинӣ шудаанд.
"Маҷмаи байналмилалии тағйироти обу ҳавоӣ" як ниҳоди байнидавлатӣ аст. Ҳазорон донишанд ва пажӯҳишгар аст шомили ин ниҳод мебошанд, ки довталабон ба он ёрӣ мерасонанд.
Кори ин ниҳод арзёбиии илмии маълумот ва гузоришҳои марбут ба тағйироти обу ҳавоӣ бар асари фаъолиятҳои инсонӣ ва хатарҳое, ки аз он сарчашма мегиранд, мебошад. Ин маҷмаа дар ҳоли ҳозир талош дорад роҳе барои коҳиши хатарҳои ин бӯҳрон пайдо кунад.
Ин ҳушдори пажӯҳишгарон аз саросари ҷаҳон дар ҳолест, ки мақомоти баландпояи Тоҷикистон низ борҳо аз обшавии пиряхҳо тайи солҳои ахир дар кишвар ҳушдор доданд. То 50 соли пеш дар Тоҷикистон 14 ҳазор пиряхи хурду бузург ба қайд гирифта шуда буд.
Пиряхҳои хурду бузурги Тоҷикистон манбаи аслии об дар Осиёи Марказианд, аммо дар 30 соли ахир ба сабаби гармии кураи Замин беш аз 1000 пирях комилан аз байн рафтаанд ва садҳо пиряхи дигар дар ҳоли ақибнишинӣ ҳастанд.
Пиряхҳое, ки дар ҳоли ҳаракат ҳастанд, ҳоло хатаре барои сокинони поёноб маҳсуб меёбанд. Зеро бо канда шудани онҳо обхезӣ ба миён омада, сокинон аз он зиён хоҳанд дид.
Андешаи Шумо https://www.ozodi.org/a/warning-of-climate-change/29533895.html