Дар Ӯзбекистон амволи Акбаралӣ Абдуллоев, ҷияни ҳамсари президенти пешини Ӯзбекистон Татяна Каримоваро дар музояда гузоштанд.
Абдуллоев тайи чандин сол як қатор корхонаҳои саноатии вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон, аз ҷумла корхонаи коркарди нафт ва "Кувасайсемент"-ро назорат мекард. Масоҳати амволи ғайриманқули ӯ 4,5 ҳектар замин буда, ҳудуди $1 млрд нархгузорӣ шудааст.
Акбаралӣ Абдуллоев, писари Тамара Собирова, хоҳари ҳамсари президенти пешини Ӯзбекистон аст. Абдуллоевро дар Фарғона "шоҳзодаи Фарғона" меномиданд, чун аз оғози соли 2000-ум ҳамроҳи модараш "раҳбари ғайрирасмӣ"-и водии Фарғона буд.
Додгоҳи Ӯзбекистон соли 2014 ӯро бо ҷурми ҷиноятҳои иқтисодӣ ва дар асоси фармони президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов 15 сол зиндонӣ кард. Вале дертар ҳукми ӯ то ба 6 сол кам карда шуд.
Акбаралӣ Абдуллоев пас аз 2,5 сол - пеш аз муҳлат - озод шуда, баъди марги президенти нахустини Ӯзбекистон бо вуҷуди мамнуулхуруҷ буданаш кишварро тарк кард. Ӯ моҳи январи соли 2017 дар фурудгоҳи Киев боздошт шуд. Аммо дертар бо дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ дар Украина аз ҳабс озод гашт. Бино ба хабарҳои ахир, ӯ аз Украина низ рафтааст.