13 апреля 2019
Сафорати Туркманистон дар Белорус ба донишҷӯдухтарони туркман пӯшидани шими "ҷинс" ва ба писарон гузоштани ришро манъ кард. Дар ин бора донишҷӯёни туркмане хабар доданд, ки дар Белорус таҳсил мекунанд.
Манъи пӯшидани шими "ҷинс" ба духтарон ва гузоштани риш ба писарон дар ҷараёни як мулоқоти охири намояндагони сафорат бо донишҷӯёни туркман садо додааст.
"Сафир талаб кард, ки мо ба клубҳои шабона ва тарабхонаҳо наравем. Гуфт, ки ҷавонони ришдор ба террористҳо шабеҳ ҳастанд. Кормандони амният пушти дари масҷидҳо навбатпоӣ мекунанд. Онҳо назорат мекунанд, ки кадоме аз донишҷӯён ба масҷид мераванд", - нақл кард як донишҷӯи туркман, ки дар мулоқоти сафири Туркманистон дар Белорус ҳузур доштааст.