Баъди се соли ҳалокати як сарбози Горди миллии Тоҷикистон, Додгоҳи Душанбе ба баррасии даъвои волидони ӯ барои пардохти ҷуброни моддиву маънавӣ оғоз кард.
Шӯҳрат Таваллоев соли 2016 дар як қисми низомӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид. Мақомот далели марги ӯро худкушӣ номиданд, вале наздиконаш ба он шубҳа доранд.
Уғулой Бобоева, вакили мудофеи хонаводаи сарбоз, рӯзи 22-юми май гуфт, онҳо мехоҳанд бар асоси қонунгузорӣ Горди миллӣ ва сарбоз Мирзоҳабиб Мирзобоев, ки дар робита ба марги Шуҳрат маҳкум шудааст, 260 ҳазор сомонӣ ҷуброн пардохт намоянд.
Нахустин мурофиаи додгоҳӣ рӯзи 22-юми май дар Додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе доир гардид. Имомдод Таваллоев, падари сарбози фавтида гуфт, пас аз марги писараш, ба афсурдагӣ ва бемории сахт гирифтор шудааст ва ҳоло даъвои талаби ҷубронро дорад.
Таваллоев дар аризаи даъвоии худ аз ҷумла гуфтааст: "Марги Шуҳрат ба ман таъсири сахт расонд. Ҳангоми ба хотир овардани ҳодиса ғамгин шуда, гиря мекунам, дар ҳолати афсурдагӣ қарор дорам. Ба ягон кор машғул шуда наметавонам. Соли 2017 саломатиам бад шуд ва ба беморхона рафтам. Дар ташхиси дактилоскопӣ маълум шуд, ки ба бемории саратони рӯда гирифтор шудаам".
Уғулой Бобоева иброз дошт, ки онҳо аз Горди Миллии Тоҷикистон 120 ҳазор сомонӣ ва аз сарбози маҳкумшуда Мирзобоев 140 ҳазору 855 сомонӣ зарари моддиву маънавӣ талаб доранд.
Наҷмуддин Лоиқзода, додраси парванда гуфт, дар мурофиаҳои баъдӣ бо шунидани ҷонибҳо ва дастрас кардани далелҳои иловагӣ қарори худро дар ин бора хоҳад баровард. Мурофиаи навбатӣ ба 10-уми июн гузошта шуд.
Шӯҳрат Таваллоев моҳи майи соли 2016 ба хидмат дар артиш даъват карданд ва сарбози қисми низомии Горди Миллӣ, воқеъ дар маҳаллаи Калинини шаҳри Душанбе гардид. Аммо пас аз панҷ моҳи хидмат, ҷасади беҷони ӯро ба наздиконаш супурданд.
Мақомот гуфтанд, ин ҷавон бо силоҳи дасташ ва аз беэҳтиётӣ ба худ тир холӣ кардааст. Аммо Имомдод Таваллоев, падари сарбози фавтида, пас аз сӯҳбат бо муфаттиш ва дидани аксҳои рӯзи марги Шӯҳрат ба ин хулосаи мақомот шак кардааст.
Дар пайи марги ин сарбоз яке аз ҳамхидматонаш Мирзоҳомид Мирзобоевмоҳи январи соли 2017 бо гуноҳи ба марг расондани Шӯҳрат Таваллоев ба 6 соли зиндон маҳкум шуд. Ба гуфтаи додситонҳо, Мирзоҳомид Мирзобоев се ҳамхидматаш - Шӯҳрати 21-сола ва ду сарбози дигарро ба утоқе дароварда ва бо камарбанди сарбозӣ ба сару манаҳи онҳо задааст.
Дар Тоҷикистон худкушии сарбозон ва ё дар натиҷаи тасодуфу муноқиша ба ҳалокат расидани онҳо дар гузашта мушоҳида шудааст.
Бадрафторӣ бо сарбозонро яке аз сабабҳои аслии чунин ҳодисаҳо медонанд. Бархе аз фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, азбаски чунин фоҷиаҳо ба обрӯи хидмати сарбозӣ латма мезанад, дар ҳолатҳои зиёд асрори марги сарбозон пӯшида мемонад ва волидон ҳам бо ҳамин сабаб ба шарҳи расмии марги фарзанд бовар намекунанд.
Дар аксар хабарҳо дар бораи маргу мири сарбозон гоҳе мушкили латту кӯб шудани онҳо аз ҷониби кӯҳнасарбозон чун сабаби аслии фоҷеа ном бурда мешавад. Эътилофи зидди шиканҷа дар як гузориши худ дар охири соли 2016 навишта буд, ки дар солҳои 2014-2016 дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон 59 сарбоз мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифта, 11 нафар ба ҳалокат расидааст.