"Интиқомҷӯён: Ниҳоӣ" дар нахустин рӯзҳои истироҳат рекорд гузошт

29 апреля 2019 "Интиқомҷӯён: Ниҳоӣ" дар нахустин рӯзҳои истироҳат рекорд гузошт

Филми "Интиқомҷӯён: Ниҳоӣ" - чаҳорумин ва охирин силсилафилми "интиқомҷӯён"-и абарқаҳрамонони дунёи Marvel аст, ки дар нахустин рӯзҳои ба фурӯш баромаданаш рекорд гузошт.

Нашрияи Walt Disney, ки ҳаққи фурӯши филмро дорад, хабар дод, филми мазкур дар нахустин рӯзҳои фурӯшаш 1 миллиарду 200 миллион доллар ҷамъ овард.

Дар ИМА ва Канада "Интиқомҷӯён: Ниҳоӣ" 350 миллион ва дар Чин 330 миллион доллар ҷамъ кард.

Бино ба пешгӯии Bloomberg, филми мазкур эҳтимол дорад, бештар аз 2,5 миллиард доллар ҷамъ оварад. Даҳ соли пеш филми "Аватар" бештар аз 2 миллиарду 700 миллион доллар аз ҳисоби фурӯшаш ҷамъ карда буд.