Як руҳонии тоҷик, ки дар гузашта бо гуноҳи ифротгароӣ зиндонӣ шудааст, Интернетро “вабои аср” номид ва аз мардум хост, аз он истифода накунанд.
Сироҷиддин Абдураҳмонов, ки дар гузашта бо номи Эшони Сироҷиддин дар Душанбе шинохта буд, дар як муроҷиатномаи видеоӣ дар Ютуб бо ҳимоят аз боло бурдани қимати истифода аз Интернет дар Тоҷикистон мегӯяд, вақти худро дар ин шабака “зоеъ накунанд." Эшони Сироҷиддин дар видеои 18 дақиқаӣ Интернетро “сарчашмаи тамоми мусибатҳо”дар Тоҷикистон ва ба қавли ӯ зинову бадахлоқӣ номида ва мегӯяд:
“Аз тамоми хоҳарони зебо, аз мардуми зебои Тоҷикистон хоҳиш мекунам, ки ақли зебо, фикри зебои худашонро истифода бурда... вақти зебои худро дар Интернет талаф накунанд.”
Маълум нест, видеоро Сироҷиддин Абдураҳмонов ихтиёран худаш сабт кардааст ва ё бо хоҳиши каси дигар, аммо баъд аз солҳо дигарбора дарак додани ӯро баъзеҳо кори дасти дастгоҳҳои таблиғотии ҳукумати Тоҷикистон меноманд.
Эшони Сироҷиддин аз аввалин мубаллиғони шинохтаи ҷараёни Салафия дар Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт ва соли 2009 ҳамроҳи писараш ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯро соли 2013 бар асоси Қонуни афв озод карданд ва баъд аз он ба ситоиш аз ҳукумат ва сиёсатҳои он пардохт.
Дар ин видеои таблиғотӣ ӯ мардумро ба он даъват мекунад, ки мутеи сардоронашон бошанд ва ҳарфу маслиҳатҳои “табақаи болоӣ”-ро гӯш кунанд, чун ин маслиҳатҳо бар нафъи онҳост. Сироҷиддин Абдураҳмонов, чунин ҳадисеро мисол меорад ва мегӯяд, “Аллоҳ уммати маро (пайғамбарро) ба мисли киштии дуошёна сохтааст. Дар ду табақаи киштӣ ду гуруҳ мардум зиндагӣ мекунанд.”
Рӯҳонӣ дар идома мегӯяд, ки мардуми табақаи поён обро аз табақаи болоӣ мегиранд ва рӯзе маслиҳат мекунанд, ки бояд мунтазири обе, ки “болоиҳо медиҳанд, набошанд ва худашон зери киштиро сӯрох карда об бигиранд.”
Эшони Сироҷиддин ин гуфтаро баёнгари вазъи феълии Тоҷикистон меномад ва талоши гирифтани об аз зери киштиро ба эътирозу интиқодҳои зиёд аз боло бурдани қимати Интернет ташбеҳ мекунад. Дар идомаи паёмаш Эшони Сироҷиддин мегӯяд, “чун одамони табақаи боло донистанд, ки мардуми табақаи поён киштиро сӯрох карданӣ ҳастанд, наздашон омаданд ва онҳоро насиҳат карданд, ки чунин кореро накунанд, “зеро агар киштӣ шикофта шавад, ғарқ мегардад ва “ҳамаи мо ҳалок мешавем”.
Муроҷиати видеоӣ, ки бинандаи зиёде пайдо накардааст, дар чанд гуруҳи Фейсбук пайдо шуд, вале баъди танқид ва аксаран шарҳҳои манфӣ онро пок карданд. Номи Эшони Сироҷиддин, ки пайравони зиёде надорад, бо баёнияҳои баҳсбарангезаш борҳо ба матбуот роҳ ёфтааст. Ӯ вақти дар зиндон буданаш ҳам ба хабарнигорон ва албатта дар ҳузури маъмурони зиндон гуфт, “ки ҳеҷ шикоят надорад, дар инҷо ҳам ва дар берун ҳам дар хидмати мардум буд.”
Баъди раҳоӣ аз зиндон дар мусоҳибаҳо бо расонаҳои давлативу мустақил, Ҳизби наҳзати исломиро, ки ҳоло фаъолияташ мамнуъ аст, “дастнишондаи хориҷиён” номид ва гуфт, ки Тоҷикистон ба ҳизби динӣ эҳтиёҷ надорад.
Муроҷиатномаи нави Эшони Сироҷиддин, ки баръакси солҳои пешин риши дарозе дорад, дар ҷое сабт шудааст, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон умдатан дар чунин ҷой муттаҳамон ба ҷиноятро ба навор мегиранд.