Ноиб-сарвазири Қирғизистон Қуботбек Борон гуфт, ки ширкати "ЮрОсиё дар Қирғизистон" дар робита ба бозхонди иҷозатномаи фаъолияташ дар кони урани вилояти Иссиқкӯл шикояте надорад.
"Мо бо ширкати "ЮрОсиё" гуфтугӯ кардем. Онҳо нигаронии ҷомеаро ба эътибор гирифтанд ва бе ҳеч даъвое розӣ шуданд", - гуфт Боронов.
Эътирозҳо зидди истихроҷи уран дар Қирғизистон баъди он сар заданд, ки хабари коркарди кони уран дар вилояти Иссиқкӯл расонаӣ шуд. Фаъолони маданӣ ба ҷамъоварии имзо шуруъ ва тасмими баргузории эътирозҳоро эълом карданд.
Ширкати русиву қирғизии "ЮрОсиё дар Қирғизистон" мехост, дар кони ноҳияи Тони Иссиқкӯл уран истихроҷ кунад. Вале корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ маъракаеро зидди коркарди кон ба роҳ монда, фаъолони маданӣ дар Бишкек эътироз карданд. Онҳо гуфтанд, коркарди уран ба муҳити зист ва саломатии сокинон зарари сахт мерасонад.
Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев 22 апрел дастур дод, ки то эъломи натиҷаи ташхиси зистмуҳитӣ корҳо дар кон қатъ шаванд.
Худи ширкат мегӯяд, ҳангоми коркарди уран аз техникаҳои бехатарӣ истифода мекунад ва ба муҳити зист осебе нахоҳад расид.
Бархе аз вакилони порлумони Қирғизистон пешниҳод карданд, ки то соли 2070 ба истихроҷи уран дар ин кишвар моратория эълом шавад.