Роҳбари намояндагии Бюрои ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА дар умури назорати интихоботҳо дар Қазоқистон тасмим дорад, бо ҳамаи номзадҳои ба мақоми президентӣ ва роҳбарони ситоди онҳо мулоқот кунад.
Уршула Гасек, роҳбари намояндагӣ дар ин бора 15 май дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Бейбут Атамқулов хабар дод.
Уршула Гатсек изҳори умедворӣ кардааст, ки нозирони САҲА имкони назорати раванди интихоботро пайдо хоҳанд кард.
Ин дар ҳолест, ки вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон бо созмонҳои байналхалқӣ ва комисияҳои интихоботии кишварҳои хориҷӣ дар масъалаи фиристодани нозирон ба интихоботи 9 июни Қазоқистон ҳамкорӣ ба роҳ мондааст. Ба ҷуз аз САҲА, нозирон аз созмонҳои дигар низ ширкат хоҳанд кард, хабар медиҳад вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон.
Нозирони САҲА то охири маъракаи интихоботӣ дар Қазоқистон боқӣ мемонанд ва қонуншиканиҳои эҳтимолиро қайд мекунанду барои бартараф кардани онҳо тавсия медиҳанд.
Интихоботи 9 июни Қазоқистон шашумин интихоботи президентии ин кишвар аз замони касби истиқлолаш аст. Бори чаҳорум аст, ки интихоботҳои Қазоқистон қабл аз муҳлат анҷом мешаванд.