Дар интихоботи ғайринавбатии президентии Қазоқистон, ки рӯзи 9 июн дар назар аст, аз буҷаи давлат беш аз 24,5 миллион доллар харҷ хоҳад шуд. Дар сомонаи санадҳои меъёриву ҳуқуқии Қазоқистон лоиҳаи қарори мазкур нашр шудааст.
Дар лоиҳа омадааст, ки аз ҳисоби захираҳои ҳукумат аз буҷаи соли 2019 ба Комисияи марказии интихоботӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон дар маҷмуъ 24,5 миллион доллар ҷудо шавад.
Ба иттилои мақомот, 70 дарсади маблағи мазкур барои пардохти маоши касоне харҷ мешавад, ки дар маъракаи интихоботӣ фаъолият мекунанд.
Қосимҷомарт Тоқаев, президенти муваққати Қазоқистон рӯзи 9 апрел эълом кард, ки дар кишвараш интихоботи ғайринавбатӣ баргузор мешавад.
Пешбарии номзадҳо ба мақоми президентӣ 10 апрел шуруъ шуд ва рӯзи 28 апрел ба поён хоҳад расид.