Дар масҷидҳои шаҳри Ишқободи Туркманистон дар рӯзи ҷумъа имомон аз сокинон даъват карданд, ки президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро дӯст доранд ва аз Худо барои вай сиҳативу умри дароз талаб кунанд.
Намозгузорон мегӯянд, чунин мавъизаҳо пештар ҳам садо медоданд, вале ҳамакнун имомон дар ҳаққи душманони президент лаънат фиристоданд.
"Ҳангоми амри маъруф дар рӯзи ҷумъа имом ба таърифу тавсифи президент пардохт. Вай гуфт, ки ҳамаи дастовардҳо ва зиндагии босаодати мо аз баракати сиёсати хирадмандонаи Пешво аст. Вай ҳамчунин даъват кард, ки Пешвову ватанро дӯст дорем, ҳамчуноне, ки пайғамбар ватанашро дӯст медошт", - хабар дод яке аз намозгузорон.
Ба гуфтаи вай, имом ҳамчунин аз мусалмонон даъват кардааст, ки дар моҳи Рамазон "аз Худо бихоҳанд, ки шукуфоии Туркманистон идома кунад". "Имом ҳамчунин дар ҳаққи президент дуо кард ва аз Худо барои вай саломативу умри дароз хост", - гуфт намозгузор.