Мақомоти шаҳри Душанбе барои таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон омодагь гирифтааст
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе қарори навбатӣ дар бораи таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро дар пойтахт ба имзо расонд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси шаҳр.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ин рӯз барномаҳо бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва ғоявию бадеӣ таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҳия гардидааст.
Тибқи қарори мазкур, масъулини дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намоянд.
Мутобиқи барномаи мақомоти шаҳр, 1 июн ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузории барномаи идонаи фарҳангиву фароғатӣ, хамчунин ташкили намоиши ҳунару эҷод, мусаввараҳои беҳтарин, дастовардҳои кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе ва озмуни расмкашӣ дар назар дошта шудааст.
“Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакони пойтахт, хусусан кӯдакони маъюб, оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили бепул, таъминот бо нафақа, хобгоҳ, ҷои кор ва беҳтар намудани вазъи моддӣ ва таъмини зиндагии шоистаи онҳо тамоми имкониятҳоро истифода мебарад. Имсол низ тибқи нақшаи тасдиқгардида ҷиҳати таҷлили бошукӯҳи ин рӯз барои тарбиятгирандагони ҳамаи мактаб -интернатҳо ва хонаи кӯдакони пойтахт дастурхони идона ороста, барномаҳои ҷолибу рангини фарҳангию фароғатӣ пешниҳод мегарданд. Аз ҷониби масъулин ба ҳар яки онҳо туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим мегарданд”, — таъкид намудааст манбаъ.
Ҳамчунин мақомоти шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили ин рӯз пахши маводи таблиғотӣ, рекламаҳои иҷтимоӣ вобаста ба ҳаёти кӯдакону наврасон ба воситаи таблоҳои электронии шаҳри Душанбе ва таҳияи барномаҳои телевизионию радиоӣ ва мақолаҳо дар мавзӯъҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни онҳоро ба нақша гирифтааст.