Қарори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар бораи боло бурдани нархи интернети мобилӣ, гуфтугӯҳои телефонӣ ва NGN ба иҷро даромад.
Ин қарор рӯзи 4-уми марти имсол содир шуда буд. Нӯҳ созмон ба намояндагӣ аз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон хостанд, ки мақомот қарори худро бекор кунанд. Онҳо гуфтанд, боло бурдани нархи интернет "бо вазъи иҷтимоӣ ва сатҳи даромади сокинон мувофиқ нест" ва ҳуқуқи бунёдии мардум, аз ҷумла ба озодии баёнро маҳдуд мекунад.
Ҳукумати Тоҷикистон ба ширкатҳои мобилӣ дастур додааст, ки қарори Хадамоти зиддинҳисориро "бечунучаро иҷро кунанд". Қарор ширкатҳои мобилиро муваззаф мекунад, ки як мегабайт интернетро на кам аз 5 дирам фурӯшанд. Ин назар ба нархи ҳозира ду баробар зиёд аст.
Мувофиқи қарори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон тағйирот дар нархи интернети мобилӣ бояд аз рӯзи 27-уми марти имсол ба иҷро медаромад. Аммо бо назардошти музокироти байни ширкатҳои мобилӣ ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ иҷрои он ба таъхир афтод.
Ғафурҷон Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, рӯзи 13-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "тақрибан се-чор рӯз пеш огоҳӣ дарёфт кардем, ки дар он аз номи ҳукумати ҷумҳурӣ гуфта мешавад, қарори Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз чоруми март, таҳти рақами 301, бояд иҷро шавад".
Эркаев гуфт, тайи чанд ҳафтаи охир Анҷумани ширкатҳои мобилӣ якҷо бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ талош карданд, то ҳадди имкон қарори боло бурдани нархи интернетро нармтар кунанд. "Вале қарори ниҳоӣ қабул шуд ва ҳамаи ширкатҳо аз ҳафтаи оянда нархномаи навро ҷорӣ мекунанд. Ширкатҳои мобилӣ то ҳадди мумкин кӯшиш мекунанд, ки нархро боло набаранд, чун барои нигоҳ доштани муштариёнашон ҳавасманданд", - гуфт Эркаев.
Рӯзи 13-уми апрел ду ширкати мобилии Тоҷикистон – "Мегафон" ва "Тселл" - нархномаи нави фурӯши интернети мобилиро нашр карданд.
Бар асоси нархномаи нави ҳарду ширкат як мегабайт интернет бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда (НДС) ва аксиз 6,2 дирам ва нархи як гигабайти он 62 сомонӣ муқаррар шудааст. Қаблан нархи як гигабайт интернет аз 30 то 32 сомонӣ буд.
Мақомоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ тасмими боло бурдани нархи интернетро "ҷилавгирӣ аз паҳлӯҳои зараровари он" ва масъулони Кумитаи андоз "ҷамъоварии молияти бештар" ва "ҳифзи амният"донистанд.