Дар ҳоли ҳозир дар вилояти Суғд 93 корхонаву коргоҳи нав ба фаъолият шурӯъ кардааст
Дар соли 2018 дар корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ба маблағи 11,3 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуда, суръати афзоиши он ба 110,5 дарсад расидааст.
Дар ин бора муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ зимни баргузории маҷлиси ҷамъбастӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2018 иттилоъ дод.
Муовини Раиси вилоят ҳамзамон афзуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми соли 2018 дар вилоят 93 корхонаву коргоҳи нав ба фаъолият шурўъ намуд.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ инчунин таъкид гардид, ки соли 2018 бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар дар вилоят истеҳсоли семент ба 1 млн. 140 ҳазор тонна баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 208,9 ҳазор тонна ё 1,4 маротиба зиёд аст.
Илова бар таъмини бозорҳои дохилӣ корхонаҳои истеҳсоли сементи вилоят содироти бонизоми маҳсулоти ватаниро ба давлатҳои Узбакистону Қирғизистон ба роҳ мондаанд.
Аз ҷумла, давоми соли 2018 дар маҷмўъ 489 ҳазор тонна семент содирот шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 1,9 маротиба зиёд мебошад.
Дар конҳои ангишти вилоят бошад, зиёда аз 1,7 млн тонна ангишт истихроҷ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 226,7 ҳазор тонна ё 1,2 маротиба зиёд мебошад.
Read more: sputnik-tj.com, фото-© Sputnik / Валерий Титиевский