Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода бо ҳайати шашмақомсароён бо роҳбари Академияи мақоми кишвар Абдувалӣ Абдурашидов доир ба рушди санъати шашмақом ва тарбияи шогирдон сӯҳбат намуд
Ахиран Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода 9 нафар шашмақомсароёни тоҷик - иштирокчиёни Фестивал-озмуни байналмилалӣ дар шаҳри Шаҳрисабзи Узбакистонро, ки мукофоти баландтарини озмун — “Шоҳҷоиза”-ро ба даст оварда буданд, ба ҳузур пазируфт ва ба онҳо ифтихорномаи Вазорати фарҳангро супорид.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, иқдоми мазкур баъди ҷамъбасти фаъолияти соҳаи фарҳанг дар соли 2018 сурат гирифт. Ҷаласаи ҳайати мушовара пешниҳод намуд, ки Шашмақомсароёни кишвар барои саҳми арзанда дар рушди соҳа дар соли 2018 қадрдонӣ шаванд.
“Ҳунарнамоии Шумо дар чунин озмуни бонуфуз бори дигар собит кард, ки Шашмақом санъати асили халқи тоҷик аст ва ба мо аз ниёгонамон мерос мондааст. Имрӯз Шашмақомро на танҳо дар вилояти Суғд, балки дар тамоми ҷумҳурӣ менавозанд ва он оммавӣ гардидааст. Ҳатто намояндагони касбу кори дигар низ ба ин санъат таваҷҷӯҳ доранд ва мехоҳанд онро чун машғулияти дӯстдошта аз худ намоянд” – таъкид намудааст Вазири фарҳанг зимни мулоқоташ бо Шашмақомсароён.
Вазири Фарҳанг ба Шашмақомсароён ва мутрибон Озода Ашӯрова, Хуршед Иброхимов, Ҷамшед Эргашев, Сироҷиддин Ҷӯраев, Насиба Омонбоева, Тоҳирҷон Ҷӯраев, Мурод Ҷӯмъаев ва Камолиддин Ҳамдамов Ифтихорномаи Вазорати фарҳанг супорид.
Read more: sputnik-tj.com, фото-© Пресс-служба Министерство культуры Таджикистана