Барои пурра фаҳмидани раванди таъмини амнияти дар Осиёи Марказӣ ва вазъи феълӣ дар минтақа, бояд таҳдиду чолишҳои мавҷуд дар минтақи ро барраси намуд.
Ин тахдидхо иборатанд аз: тиҷорати ғайриқонунӣ ва қочоқи маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ифротгароии динӣ, қисман бехатарии энергетикӣ, низоъ дар Афғонистон ва инчунин таҳдиди бесуботии сиёсӣ дар минтақа дар натиҷаи тағйири элитаи асосӣ. Нигарони аз эхтимоли бурузи бесуботии сиёсӣ дар минтақа дар натиҷаи тағйири роҳбарияти дар Ӯзбекистон пас аз марги президенти Ислом Каримов дар соли 2016, шиддат ёфт. Президенти нави Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар марҳилаи ҷаҳонӣ низ фаъолона иштирок мекунад. Бо иштироки ӯ дар Тошканд конфронси сулҳ оид ба омодагӣ ба гуфтушунидҳои сулҳ дар Афғонистон баргузор шуд, ки резолюцияи он барои таҷдиди формати муколамаи Москва байни толибон ва Кобул мусоидат намуд. Бовар кунондани ҷомеаи ҷаҳонӣ ки роҳи ҳалли мусолиматомези масъалаи Афғонистон ягона роҳи имконпазири аст - мақсади ин конфронс мебошад.
Дар барномаҳои дарозмуддати худ Тошканд мекӯшад, ки ќаламравии онро ҳамчун як пойгоҳ барои таъсир ба вазъияти Афғонистон истифода баранд. Дар ҳоли ҳозир минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистон дар ин ҷода нақши муҳимро иҷро мекунанд. Дар робита ба ин масъалаи ташкили платформаи дарозмуддати муштараки Осиёи Марказӣ барои ҳалли масъалаи Афғонистон ба миён меояд.
Барои татбиқи пурраи ҳадафи таъмини амният ва ҳифзи амният, Русия аз механизмҳои таъсиргузорӣ тавассути муассисаҳои гуногуни дар қаламрави Осиёи Марказӣ собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ), Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), истифода мекунад. Аммо на дар ҳамаи онҳо нақши асосӣ ба Русия аст. Созмони ҳамкории Шанхай, ки ташаббускори ташкили он дар соли 2001 Чин буд, истисно мебошад.
Ташкилоти террористии «Давлати исломӣ», ки дар мамлакатҳои зиёд мамнӯъ шудааст, нақша дорад дар Осиёи Марказӣ “хилофат” ташкил кунад. Ин аз ҷониби сардори маркази зиддитеррористии ИДМ Андрей Новиков дар мулоқоти роҳбарони қисмҳои зиддитеррористӣ созмонҳои иттилооти кишварҳои ИДМ, дар чаҳорчӯбаи машқҳои "Иссиқ-Кул – зиддитеррор- 2018 ", изҳор карда шуд. Вай изҳор дошт, ки дар ин минтақа кӯшишҳо барои фаъолгардонии ҳуҷайраҳои «хоб» аз ҷониби террористон ба қайд гирифта шудааст.
Муовини нахуствазири Қирғизистон Жениш Разаков низ изҳори нигаронӣ кард, ки таҳдиди аз суи террористҳо дар ҳудуди кишварҳои ИДМ ва Осиёи Марказӣ афзоиш меёбад. Ба гуфтаи вай, ин хатар хусусияти дарозмуддат пайдо мекунад. Ин мавқеи Бишкек тасодуфӣ нест, зеро Ҷумҳурии Қирғизистон дар соли ояндаи 2019 масъули ҳалли масъалаҳои амнияти дастаҷамъӣ СААД хохад буд.
Кӯшиши террористҳо барои вуруд ба минтақа аз шимоли Афғонистон ба хадафи иҷоди бесуботии ҷиддитарин таҳдид мебошад.
Дар моҳи июни соли ҷорӣ муовини директори Хадамоти федералии амнияти Русия Игорь Сироткин қайд кард, ки террористони «Давлати исломӣ» ҳанӯз ҳам таҳдиди ҷиддӣ мебошад. Аз ин рӯ, роҳбарони Осиёи Марказӣ бояд ҳамкориҳои муштарак оид ба масъалаҳои амниятро ба таври ҷиддӣ баррасӣ кунанд.
Ҷаласаи Шӯрои Қӯшунҳои сарҳадии ИДМ, ки 14 ноябри соли ҷорӣ дар Токмок баргузор гардид, беҳтаршавӣ ҳамкорӣ байни воҳидҳои сарҳадӣ оид ба таъмини амнияти марзҳои ҷанубии ИДМ – ро нишон дод. Бо назардошти тамоюлҳои ҷорӣ, ба зарурати мубодилаи васеъ инкишофҳои перспективӣ дар соҳаи таъмини нерӯҳои марзбонӣ бо воситаҳои нави амнияти сарҳадӣ миёни шарикон, ишора шуд. Дар ин самт, иштироки фаъолонаи Туркманистон дар талошҳои муштарак оид ба пешгирӣ аз воридшавии аъзои созмонҳои радикалӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ лозим ба назар мерасад. Дар сурати мудохилаи гурӯҳҳои мусаллаҳ аз қаламрави Афғонистон ва ҳадақал бетарафии баъзе қисмҳои ҳарбӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ муборизаи ягонаи бо таҳдидҳои беруна барои Туркманистон душвор хохад буд. Дар ин росто, кӯмаки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таҳкими амнияти марзҳои Туркманистон яке аз масъалаҳои мубрами минтақа мебошад.
Дар ин замина, Саммити сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар моҳи март соли 2018 да Остоне баргузор шуд, ба ҳалли муваффақонаи проблемаҳои мавҷуд дар минтақа умедвор мекунад.
Тибқи гуфтаи нозирони байнулмилалӣ, ин вохӯриҳо, гарчанде ки машваратӣ ва ғайрирасмӣ мебошанд, барои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ як платформаи ҷиддӣ дар сатҳи олӣ барои баррасии мушкилотро офаридааст.
Умуман, фаъолияти ҳамоҳангшуда ва самарабахши кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад дар оянда ба унвони як сохти ҳамгирошудаи воқеӣ минтақаро ба яке аз бозигарони сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳони табдил диҳад.