Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мутмаинанд, ки қонуни нав дар бораи хизмати ҳарбӣ, ки 20 январ аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабул шуд, барои шаҳрвандон ҷойгузин (алтернатива)-и чӣ гуна қарзро адо кардан назди Ватан фароҳам меорад.
“Дар бораи қабули қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар таҳрири нав кайҳост инҷониб фаълони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони ҳукумат баҳс доштанд ва зимни таҳияи он андешаву пешниҳодҳои зиёд дар ин самт ба инобат гирифта шуданд”, - гуфт дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Фаридун Маҳмадализода.
Ӯ бовар дорад, ки қонуни аз ҷониби вакилони парлумон дастгиришуда барои шаҳрвандон ҷойгузин (алтернатива)-и чӣ гуна қарзро адо кардан назди Ватан фароҳам оварда, инчунин бамаротиб сафи саркашон аз хизматро дар Қувваҳои мусаллаҳ кам мекунад.
“Ба ҳама маълум аст, ки як қисми муайяни ҷавонони мо барои он ба мактабҳои олӣ дохил мешуданд, ки аз хизмати ҳарбӣ раҳо ёбанд, акнун минбаъд ин тавр намешавад, зеро хоҳ-нохоҳ пас аз хатми таҳсил онҳо ба хизмат даъват мешаванд”, - изҳор дошт намояндаи Вазорати мудофиа.
Коррупсия аз байн меравад?
Дар Вазорат қайд мекунанд, ки як гуруҳи муайяни волидон мудом барои аз хизмат раҳо кардани фарзандони худ роҳу воситаҳои гуногун меҷустанд ва дар аксар мавридҳо ба қонуншиканӣ даст зада, амалҳои коррупсионӣ содир мекарданд.
Ба ақидаи Маҳмадализода, пас аз қабули қонуни нав ба амалҳои коррупсионӣ дар ин самт дигар ҳоҷат намемонад, зеро минбаъд бо пардохти маблағи муайян метавон як моҳ хизмат карда, бе даст задан ба қонуншиканӣ шаҳодатнома (билет)-и ҳарбӣ гирифт.
“Қонуни нав ба ҳамаи ҷавонони ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, ки бо пардохти маблағ ба муҳлати як моҳ ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ даъват мешаванд, кафолат медиҳад, ки агар онҳо дар ягон ташкилоту корхона кор кунанд, сарфи назар аз шакли моликият, ҷойи кор ва музди меҳнаташон нигоҳ дошта мешавад”, - таъкид дошт полковник.
Сарбозшикор ҳам ба охир мерасад?
Дар шарҳи гуфтаҳои вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо назди вакилони парлумон дар бораи ҳамасола ба артиш даъват шудани ҳамагӣ ҳудуди 10%-и ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмат ва берун аз хизмат мондани боқимонда 90%-и онҳо, Маҳмадализода қайд кард, ки барои баргузории маъракаи даъват ҳамеша ҳукуматҳои маҳаллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони аҳли ҷомеа ҷалб мешаванд, лекин дар ҳодисаҳои ба истилоҳ “сарбозшикор” (облава) ва “даъвати ғайриқонунӣ” мудом комисарони ҳарбиро гунаҳкор мекунанд.
Ба бовари намояндаи Вазорат, қабули қонуни нав ба ҳодисаҳои дар боло зикршуда хотима мебахшад, зеро даъватшавандагон минбаъд чӣ гуна хизмат кардан ба Ватанро худашон интихоб мекунанд.
Дар робита ба тағйироти чанде қабл қабулшуда ба қонунҳои кишвар дар мавриди он, ки минбаъд барои касоне, ки дар сафи артиш хизмати ҳарбӣ адо накардаанд, кор дар мақомоти суду прокуратура, хадамоти гумрук ва зиддифасод, инчунин Хадамоти иҷрои назди ҳукумати ҷумҳурӣ манъ мешавад, ӯ изҳор дошт, ки қабули онҳо мантиқист.
“Ҳамаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кормандони сохторҳои қудратӣ мебошанд ва акнун худатон тасаввур кунед, шахсе, ки дар тӯли тамоми ҳаёташ боре ҳам силоҳро дар даст надоштаву ба фармони чӣ гуна ба дасти чапу рост гаштан сарфаҳм намеравад, чӣ гуна ин шахс афсари хадамоти гумрук, Агентии зиддифасод, мақомоти суду прокуратура шуда метавонад?”, - илова кард намояндаи Вазорат.