USAID ба китобхонаҳои бачагонаи Тоҷикистон китоб медиҳад

23 января 2021 USAID ба китобхонаҳои бачагонаи Тоҷикистон китоб медиҳад

Агентии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ (USAID) дар доираи табиқи лоиҳаи “Ҳамроҳ бихонем” дар нақша дорад, ки то охири семоҳаи авввали ҳамин сол ба 56 китобхонаи бачагонаи Тоҷикистон китобҳои нав тақдим кунад.

Дар маълумоти Маркази амалисозии лоиҳа қайд мешавад, ки таҳия ва нашри китобҳои бачагона барои тақвияти малакаҳои хониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Лоиҳа мебошад.

Лоиҳа бо мақсади таблиғи китобхонӣ ва ғанӣ гардонидани хазинаи китобхонаҳои бачагонаи кишвар дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифу илм ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон татбиқ мешавад.

Дар чаҳорчӯби лоиҳа то ин дам ба 15 китобхонаи шаҳрию ноҳиявӣ маҷмӯи китобҳои бачагонаи иборат аз 90 номгӯй туҳфа шуд. Дар маҷмӯъ ба ҳамаи 71 китобхонаҳои шаҳрию ноҳиявии кишвар боз ҳудуди 140 номгӯй китобҳои тозанашри бачагона ройгон тақдим карда мешавад.

Китобҳо айни замон дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М.Миршакар, инчунин китобхонаҳои 6 ноҳияи ВМКБ (Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа, Мурғоб), ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш, 2 ноҳияи вилояти Суғд (Айнӣ ва Панҷакент) ва ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дастрас мебошанд.

Амалисозии лоиҳаи USAID “Ҳамроҳ бихонем” пас аз имзои Ёддошти тафоҳум бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ расман оғоз гардид.

Лоиҳа ба баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дар самти усули навоваронаи таълим, таъмини хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо китобҳо, инчунин дастгирии кори беруназсинфӣ оид ба хониш бо ҷалби оила, ҷамоат ва бахши хусусӣ нигаронида шудааст.

 Asia-Plus