Оқохони IV нақшаҳояш барои наздиксозии Тоҷикистону Афғонистонро гуфт – навор

3 декабря 2018 Оқохони IV нақшаҳояш барои наздиксозии Тоҷикистону Афғонистонро гуфт – навор

Шоҳкарим Ал-Ҳусайнӣ, Оқохони IV, имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон 28-уми ноябр дар Женева аз роҳҳои расидан ба сулҳу субот дар Афғонистон ва саҳми Тоҷикистон дар ин раванд суҳбат кард

 Оқохони IV, зимни ҳамоиш дар Женева, ки бо ҳузури роҳбарони Афғонистон ва вазирони кишварҳои ҷаҳон сурат гирифт, таъкид намуд, ки сулҳи устувор дар Афғонистон ба ду омили калидӣ вобастагӣ дорад.

Ӯ гуфт, омили нахуст ҳамкории минтақавӣ, ки калиди рушди миллӣ ва субот мебошад ва дуюм садоқат ба плюаризм ҳаст. Ба ақидаи Оқохони IV гуногунӣ дар Афғонистон бояд ҳамчун сарчашмаи нерую тавонмандӣ пазируфта шавад.

Пешвои исмоилиёни ҷаҳон барои таҳкими ҳамгироии минтақавӣ аз кашидани хатҳои интиқоли барқи “Помир энержӣ” аз Тоҷикистон ба Афғонистон зикр карда, афзуд, ки барои нахустин бор бархе аз деҳоти шимоли Афғонистон бо нерӯи барқ таъмин шуданд. Ӯ азмаш барои таъмини мунтазами шимоли Афғонистон то Файзободро бо нерӯи барқ баён дошт. 

Ин изҳороти Оқохони IV барои мусоидат ба интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон бо татбиқи иншооти бузури гидроэнергетикӣ ният дорад ба кишвари таъминкунандаи минтақа бо нерӯи арзон ва тоза табдил ёбад.

Оқохони IV дар ҳамоиши Женева изҳор дошт, ки ба зудӣ кор болои пули ҷадиди пайвандгари Тоҷикистону Афғонистон ва бозори наздимарзӣ оғоз хоҳад шуд.

Ӯ инчунин аз аҳамияти рушди маориф, тандурустӣ, фарҳанг, захираҳои инсонӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандию нерӯи иттиҳоди инсонҳо суҳбат карда, таъкид намуд, ки фаъолияти донишгоҳи минтақавии Осиёи Марказӣ дар Афғонистон низ густариш хоҳад ёфт. 

Пешвои исмоилиёни ҷаҳон таъкид намуд, ки ҳар нафар дар ҳамаи минтақаҳо бояд аз сармоягузорӣ суд бигиранд, то умед ба ояндаи дурахшон дошта бошанд. Ӯ афзуд, ин меъёри калидии сармоягузориҳои бунёдаш буда, изҳори умед кард, ки атрофи ин аҳдоф дигарон низ ҳамкорӣ хоҳанд кард.  



Read more: sputnik-tj.com, фото - © AKDN