Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомали Раҳмон маърӯза дар бораи нақшаҳои рушди иқтисоди кишварро барои солҳои 2020-2022 гӯш кард
Эмомали Раҳмон дар маҷлиси ҳукумат ҳисоботи вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Неъматулло Ҳикматуллозодаро гӯш кардааст, хабар дод дафтари матбуотии роҳбари кишвар.
Вазир дар бораи нақшаҳо оид ба рушди иқтисоди кишвар барои солҳои 2020-2022 тавзеҳ додааст.
Щамчунин дар рафти маҷлис аъзои ҳукумат лоиҳаи қонун дар бораи масъулиятнокии падару модар баҳри таълим ва тарбия фарзандон ва бехатари озуқавории кишварро тасдиқ намуда барои баррасӣ ба палатаи поёнии парламенти кишвар фиристоданд.
Мақомоти кишвар инчунин масъалаҳои вобаста ба барномаи корҳои ба ҳисобгирӣ барои соли 2019 ва нақшаи чорабинӣ баҳри амалигардонии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳо ба иқтисоди миллиро баррасӣ намуданд.
Раисҷумҳури кишвар дар навбати худ миннадоргии хешро аз номи ҳукумати кишвар ба роҳбарият ва созандагони НБО Роғун ва онҳое, ки саҳми худро дар сохтани ин иншоот дареғ надоштаанд, иброз намуд.
Ёдовар мешавем, ки сохтмони НБО Роғун 44 сол пеш оғоз шуда буд ва то замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қариб 80 фоизи иншооот сохта шуда буд. Дар сохмони минбаъдаи нерӯгоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллиард доллар сарф кардааст.
Дар назар аст, ки баландии саргаҳи (плотина) НБО Роғун 335 метрро ташкил медиҳад, ки аз ин ҷиҳат дар ҷаҳон баландтарин нерӯгоҳи барқи обӣ ба ҳисоб меравад. Иқтисодори пурраи барқистеҳсолкунии НБО Роғун 3600 мегават ва ё 17 миллиард килоВат/соат дар назар аст, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ қудратмандтарин ба ҳисоб меравад.
Ҳолло агрегати якуми НБО Роғун, ки 16 ноябри соли ҷорӣ ба истифода дода шуд 100 мегават қувваи барқ истеҳсол мекунад.
Read more: sputnik-tj.com, фото - © Пресс-служба Президента Республики Таджикистан