Бо як супориши раисҷумҳур дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани маҳбуби ман" баргузор карда хоҳад шуд
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як дастур ба мақомоти дахлдори кишвар дастур додааст, ки ба хотири сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор карда шавад.
Озмун таҳти унвони "Тоҷикистон - ватани маҳбуби ман" баргузор карда хоҳад шуд.
Ҳамчунин тибқи ин супориши кишвардор барои баргузор намудани озмун комиссияи махсус ташкил карда шуда, ғолибонро мукофот интизор аст.
"Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радио, якҷо бо вазорат ва идораву муассисаҳо ва Ҳукуматҳои вилоятҳо бояд иҷрои ин дастурро таъмин кунанд", - гуфта мешавад дар дастури вижаи раисҷумҳур.
Дустури раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи баргузории озмун дар ҳолест, ки ҳанӯз 19 декабри соли 2017 таҳти рақами 968 Фармони раисҷумҳури Тоҷикистон "Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба имзо расид, ки тибқи он соли 2021 дар саросари кишвар ин иди умумимиллӣ бояд дар сатҳи баланд ва бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардад.
Read more: sputnik-tj.com, фото - © Фото: Пресс служба президента РТ