Тибқи фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, Фирдавс Шарифзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд таъйин гардид
Президенти кишвар, имрӯз бо судури фармон Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Гулистонро аз мақомаш барканор ва бо фармони дигаре, ӯро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд таъин намудааст.
Шарифзода ҳамакнун дар ин мақоми нави вазифавӣ, ҷойи Маъруф Муҳаммадзодаро иваз кардааст.
Зимнан вазифаи нави Муҳаммадзода баъд аз барканорӣ аз мақоми шаҳрдории Хуҷанд ҳоло маълум нест. Фирдавс Шарифзода, 16 феврали соли 1984 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст.
Ӯ соли 2004, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2015 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро хатм намудааст.
Солҳои 2001-2003 дар вазифаи сармутахассиси Кумитаи ҳифзи табиати вилояти Суғд ва аз соли 2003 то 2012 дар вазифаи мутахассиси пешбари шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ҳукумати шаҳри Хуҷанд кор кардааст.
Тағйироти кадрӣ: Раҳмон генерал Шерхон Салимзодаро аз мақом барканор кард
Ду сол минҳайси сармутахассис дар бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҳукумати Хуҷанд ва як сол 2014-2015 мудири бахши Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст.
Абдураҳимов рафту Абдуллозода омад: идомаи тағйироти кадрӣ
Аз моҳи апрели соли 2015 то декабри соли 2018, омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва аз 12 декабри соли 2018 раиси шаҳри Гулистон таъйин гардидааст.
Шарифзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси Хуҷанд, аз ҷавонтарин раисони шаҳр дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки ҳамагӣ 36 сол дорад.