Қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов тайи чанд сол аст пай дар пай ба рейтинги мусалмонони бонуфузи ҷаҳон шомил карда мешавад
Пажуҳишгоҳи исломии Уммон исми қаҳрамони UFC дар вазни сабук ва варзишкори муҳорибаи омехта Ҳабиб Нурмуҳаммадовро ба феҳрасти "500 мусулмони таъсиргузор барои соли 2021" шомил кардааст.
Муаллифони таҳқиқот Нурмуҳаммадови 32-соларо ба рӯйхати 450 нафари сол дохил кардаанд. Ин размикори доғистонӣ тайи чанд сол аст, ки пай дар пай ба рейтинги мусалмонони бонуфузи ҷаҳон шомил карда мешавад.
Варзишкори шикастнадида 29 набардро бо ғолибият пушти сар карда, имрӯз аз беҳтарин размикори сайёра ба шумор меравад.
Набарди охирини ӯ шаби 25 октябр - бар зидди Ҷастин Гетҷии амрикоӣ сурат гирифт.
Ҳабиб пас аз пирӯзӣ эълон кард, ки тарки майдон мекунад, зеро ба модараш ваъда додааст, ки дигар ба майдон намебарояд.
Дар баробари Ҳабиб ҳамзамон исми футболбоз-ҳамлагари бошгоҳи "Ливерпул" ва мунтахаби Миср Муҳаммад Салоҳ низ шомил шудааст.
Маълум шуд, ки Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз хатми “карера”-аш чӣ кор хоҳад кард-видео
Дар сархати ин феҳрист дар соли ҷорӣ раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон қарор дорад. Пас аз ӯ шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдул-Азиз ва Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, роҳбари аъзами Эрон ҷой гирифтаанд.
Охирин парвози Уқоб: Ҳабиб пас аз мубориза бо Гетҷи "карера"-ашро ҷамъбаст кард
Ёдовар мешавем, ки TOP-500 аз бонуфузтарин мусалмонони ҷаҳон сар аз соли 2009 ҳамасола нашр мешавад.